Иди милисаҳо: Аз 100 генерал то афзоиши себаробарии маош ва тақдими хонаю замин

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПарад военных посвященный дню милиции
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Рӯзи кормандони милиса, ки 10 ноябр таҷлил мешавад, аз беҳбуди шароити зиндагии кормандони мақомоти умури дохилӣ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорабинии идона иттилоъ дод, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин муддат беш аз 750 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милиса бо манзил таъмин шуданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Ёдоварии Раҳмон аз қурбонӣ шудани садҳо корманди милиса: Ӯ аз гузаштаю оянда гуфт
Инчунин зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Дафтари матбуотӣ илова намуд, ки дар иди имсолаи кормандони милиса 40 корманди ин ниҳод дар Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад.
Дар баробари ин зикр гардид, ки бо фармони раисҷумҳур дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур илова намуд, ки 1053 иншооту бинои нави сохтору шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, минтақаҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия бунёду азнавсозӣ гардида, бо муосиртарин шароити корӣ таъмин шуданд.
Таъкид шудааст, ки чорабиниҳо барои беҳбуди шароити кору зиндагии кормандони милиса идома хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала