Президент ба сардори милисаи ВМКБ рутбаи генералӣ дод

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонТақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ
Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон ба се мақомдори Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ рутбаи генералӣ дод
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар қатори се нафаре, ки дар иди касбии кормандони милиса рутбаи генерал - майорро гирифтанд, Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод низ мебошад.
Бар асоси гузориши тасвирии дафтари матбуотии раисҷумҳур, рутбаи генералиро Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Мирзомуродзода зимни чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик тақдим намуд.
Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Иди милисаҳо: Аз 100 генерал то афзоиши себаробарии маош ва тақдими хонаю замин
Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад. Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи милиса зикр гардид, ки дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ гирифта ва ба 670 нафар мукофотҳои давлатӣ тақдим шудааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала