Аз Рӯдакӣ ба Достоевский мегузарам: классики машҳури рус дар кӯчаи Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото
Вид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Имрӯз аз зодрӯзи Фёдор Достоевский, нобиғаи адабиёти рус, ки рушди ояндаи Русияро на дар Урупо, балки дар Осиёи Марказӣ медид, 200 сол пур мешавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik Шер Алиев. Ҳикояи муҷаддади тарҷумаи ҳоли яке аз муҳимтарин классикони адабиёти рус, ки шуҳрати ӯро дар хориҷа танҳо бо Чехов, Горкий ва Толстой муқоиса кардан мумкин аст, беинсофист.
Даҳҳо, на садҳо адабиётшиносон эчодиёти Достоевскийро омӯхтаанд ва очеркҳо дар бораи ҳаёту аҳамияти шахсияти Фёдор Михайлович дар рафҳои китоб назар ба асарҳои худи у бештар аст.
Аммо дар рӯзи таваллуди нобиғаи адабиёти рус, асосгузори экзистенсиализми рус, хотирнишон кардан лозим аст, ки ин классикро бо Осиёи Миёна чӣ мепайвандад.
Онҳое, ки ҳадди ақал бо осори Достоевский ошноӣ доранд, пеш аз ҳама Санкт-Петербург ё шаҳрҳои Урупои Ғарбиро ба ёд меоранд, ки нависанда дар он ҷо муддати тӯлонӣ зиндагӣ карда, бо бозӣ дар казиноҳои маҳаллӣ вазъи хонаводаашро хароб кардааст.
Репродукция рисунка Федор Достоевский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Достоевскийи ғайримунтазира – танзпардози тунд ва муаллифи достонҳои детективӣ
Бо вуҷуди ин ӯ дар солҳои навҷавониаш, пас аз муҳокимаи додгоҳии Петрашевтсев, қатли шаҳрвандӣ ва бадарға, дар миёнаи солҳои 1850 дар Сибир ва дар қаламрави Қазоқистони ҳозира, дар Семипалатинск зиндагӣ мекард.
Маҳз дар ҳамин давра империяи Русия бори нахуст бо Туркистон алоқаи зич пайдо кард ва аскарони генерал Скобелев бо хонигариҳои Қӯқанд ва Аморати Бухоро ҷанг карда буданд.
Дар навбати худ Достоевский, ки дар бадарға, дар сарҳади ду ҷаҳон - Аврупо ва Осиё зиндагӣ мекард, ояндаи Русияро қисман бо охирин алоқаманд кард. Ҳамин тавр ӯ ҳиссиёти худро баъди бист сол дар рӯзномаҳои худ инъикос кардааст.
"Бояд тарси онро, ки Урупо моро варварҳои осиёӣ меномад ва мегӯяд, ҳатто бештар осиёӣ ҳастем на аврупоӣ, аз худ дур созем. Ин шарм, ки Урупо моро осиёӣ мешуморад, тақрибан ду аср боз моро таъқиб мекунад. Таҳаммули ин шарм, назари нодурустамон нисбат ба худамон тӯли ду аср барои мо хеле гарон афтод, мо истиқлоли маънавии худро аз даст додем ва сиёсати бебарори аврупоии мо, маблағе, ки танҳо Худо медонад, барои исботи урупоӣ будани мо, чӣ қадар сарфа шуд, ҳама барбод рафт", — навишта буд Достоевский дар соли 1881.
Ба ақидаи ӯ, император бояд нигоҳашро ба суи Шарқ медӯхт, зеро Урупо бо тамоми арзишу бузургии фарҳангиаш, бешак, халқҳои чандзабони Русияро урупоӣ намешуморид. Мегӯянд, ки Урупо тайёр аст, моро таъриф кунад, сари моро сила кунад, аммо пинҳонӣ ва ошкоро моро бад мебинад, "ҳамчун мардум, ҳамчун зот моро аз худ паст медонад".
Ин чунин маъно дорад, ки тамоми қувваро бояд ба сӯи Осиёи Миёна равона кард.
"Мебинед, бо нигоҳи тоза ба Осиё рӯ овардан шояд мунҷар ба рӯй додани он чӣ, ки дар Урупо дар зимни кашфи Амрико нисбати мо рӯй дод, нашавад. Бо талош ба сӯи Осиё мо рӯҳан ва аз нигоҳи қудрат эҳё хоҳем шуд. Фақат ду рохи оҳан созед — яке ба Сибир ва дигаре ба Осиёи Миёна, оқибаташро фавран мебинед", — гуфта буд Достоевский.
— Дар он ҷо мо фаъол мешавем, худи зарурат фишор меовард ва маҷбур мекунад, баробари боло рафтани рӯҳияи мустақили ташаббускор дарҳол устоди илм шавем, мисли имрӯза думрав не. Ва чизи асосӣ ин аст, ки рисолати мо дар Осиё рӯҳияи моро баланд мекунад, ба мо шаъну шараф ва худшиносӣ мебахшад, ки ҳоло тамоман нест ё хеле кам аст”.
Государственный Институт русского языка им. А.С. Пушкина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Донишкадаи Пушкин сухани солро эълон кард
Аммо Достоевский ҳар қадар ба Осиёи дурдаст ва ояндадор муроҷиат карда бошад ҳам, корҳои худи ӯ ва мутаассифона, на ҳамеша муваффақ бо Урупо алоқаманд буданд. Дар он ҷо ӯро ҷаҳон эътироф кард ва дар ин ҷо яке аз рӯйдодҳои ногувортарин дар ҳаёт интизораш буд.
У соли 1881, баъди навиштани сатрҳои худ дар бораи Осиё хеле пеш аз он ки адабиёти рус бо хиради чандинасраи бародарони бузурги худ — Рудакӣ, Румӣ ва Ҳофиз аз наздик шинос шавад, ошно шуд.
Вай надид, чӣ гуна пас аз 50 сол суханони ӯ дар бораи рӯ овардан ба Шарқ иҷро шуданд — вақте ки иқтидори империяи нав, на рус, балки сермиллати советӣ дар Казоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ГЭС-ҳои азим, заводу фабрика, беморхона, мактабҳои олӣ сохтанд.
Эҷодиёти Фёдор Достоевский бо Тоҷикистон сахт иртибот надошт, аммо дар харитаи Душанбе дар миёни чанд кӯчае, ки ба номи адибони рус гузошта шудааст, ҷои худро пайдо кард.
Худи ман як вақтҳо дар кӯчаи ба номи Алексей Толстой зиндагӣ мекардам, аммо баробари кӯчиданам дарҳол номашро иваз карданд. Дар ин замина, кӯчаи Достоевский (ва ҳамин тавр он дар харитаҳои "Google" инъикос ёфтааст) яке аз охирин ёдовариҳо аз адабиёти рус аст.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Оҳангсоз ва сарояндаи рус Манижаро бо Пушкин муқоиса кард
Кӣ медонад, шояд Фёдор Михайлович, қиморбози ашадӣ будааст, кӣ боре ҳама чизро бохтааст ва аспу наъли нуқрагинро ба гарав гузоштааст. Муаллиф боз ҳам комёб нашуд, мошини ӯ ба Осиё рафт. Ҳамин тавр дар пойтахти Тоҷикистон кӯчае ба номи як нависандаи Петербург пайдо шуд.
Албатта, афсонаи на он қадар хуб, вале "дар сурати набудани муҳр мо бо ибораҳои оддӣ менависем".
Кӯчаи ба номи Достоевскийро метавон дар 5 дақиқа тай кард. Кӯча хӯрду кӯтоҳ аст, гарчанде худи муаллиф тарафдори асарҳои бузурги адабӣ буд.
Аммо кӯчае, ки ба номи ӯ гузошта шудааст, то ҳол вуҷуд дорад. Бигзор он кутоҳ ва хурд бошад, аммо рӯҳро гарм мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала