Толибон артиши қавии 150-ҳазорнафарӣ эҷод мекунад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Сухангӯи фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи толибон ахиран дар баёнияе аз қасди ин гурӯҳ барои басиҷи 150 ҳазор нафар дар артиши ҷадиди дар ҳоли ташкил суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сухангӯи толибон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира"-и Қатар гуфт: "Мо (толибон) ба ташкили артиши исломӣ шуруъ кардем ва ин раванд идома дорад”.
Сухангӯи фармондеҳи артиш қайд кард, ки толибон омодаанд, "сарбозони собиқро ба сафи артиши нав ҷалб кунанд, ба шарте ки онҳо ба фасод даст назананд".
Мавлавӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди артиши Афғонистон ахиран ба расонаҳо гуфта буд, ки бо истифода аз сарбозону афсарони собиқ артиши муқаррарӣ хоҳанд сохт.
Сухангӯи толибон бо ишора ба муқовимати мусаллаҳона дар баробари онҳо гуфт, ба эътиқоди вай, "бархе гурӯҳҳо мехоҳанд дар кишвар бесарусомонӣ эҷод кунанд, аммо пас аз пирӯзӣ нирӯҳои онҳо коҳиш ёфтааст."
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
Вай эътироф кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ (мамнуъ дар Русия) дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳузур дорад ва ба субот таҳдид мекунад.
Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, вазири дифои толибон низ ахиран номи лашкарҳои ин вазоратро тағйир додааст. Лашкари амалиёти хос ба Лашкари марказӣ, лашкари 209-уми Шоҳин дар шимоли Афғонистон ба номи Лашкар-ул-фатҳ ва лашкари 207-ум дар Ҳирот ба Лашкар-ул-форуқ тағйири ном кардааст. Ин тағйири ном ба вокуниши афкори умум дар расонаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон мегӯянд, номҳои гузашта робитаи мустақим бо фарҳанги забонӣ ва ҷуғрофиёии мардум дошт, аммо номҳои ҷадид бештар ҷанбаи идеоложӣ доранд ва рабте ба таърих ва ҷуғрофиёӣ Афғонистон надоранд.
Ёдовар мешавем, ки бо пойтахти Афғонистон аз сӯи ин гурӯҳ дар рӯзи 15 август артиши миллии Афғонистон, ки беш аз 100 ҳазор сарбоз дошт ва дар тӯли бист сол аз сӯйи Амрико ва НАТО муҷаҳҳаз шуда буд, суқут кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала