Коҳиши рекордии қурби евро дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Арзиши пули аврупоӣ дар Тоҷикистон ба поинтарин сатҳи нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расид
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, асъори аврупоӣ боз коҳиш ёфта, ба поинтарин нуқта дар соли равон расид. Дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9534 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Баландтарин нишондиҳандаи арзиши пули аврупоӣ дар Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ буд, ки 1 евро бар ивази 13,8206 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қурби пули русӣ низ каме коҳиш ёфта, БМТ 1000 рублро баробар бо 158 сомонию 60 дирам муқаррар кардааст. Як рӯз қабл арзиши 1000 рубл 159 сомонию 10 дирам буд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ низ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2972 сомонӣ аст, ки ба нишондиҳадаҳои қаблияш наздик мешавад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Ҳамчунин, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқарарр шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2972 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9534 то 13.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1585 то 0.1586 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0