Тоҷикистон хостори рафъи монеаҳо дар роҳи интиқоли маҳсулот дар дохили ИДМ шуд

© Пресс-служба президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Сарвазири Тоҷикистон таҷдиди назар кардани шартҳои интиқоли мол миёни кишварҳои узви ИДМ-ро зарур медонад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода хостори сода кардани низоми интиқоли маҳсулот ва хидматрасонӣ дар дохили иттиҳод шуд.
Ӯ дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ин дархосташро матраҳ кард.
Ба гуфтаи вай, бояд шароити тиҷорат бознигарӣ ва монеаҳои сунъӣ дар роҳи интиқоли мол миёни кишварҳои узви ИДМ аз байн бардошта шавад.

"Барои рушди беҳтари ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароити кунунӣ, ба назари мо, сода кардани шароити тиҷорат ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар роҳи интиқоли маҳсулоти зарурӣ, инчунин хидматрасонии сармоя ва қувваи корӣ байни давлатҳои иштирокчӣ муҳим аст", - гуфт сарвазири Точикистон.

Вай афзуд, ки "дар ояндаи наздик бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои муштарак-ул-манофеъ метавонанд мушкили ба амнияти ғизоӣ дучор шаванд."
Намояндагони Русия дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодӣ маълумоти охиринро дар бораи ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон эълон карданд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Барои пешгирӣ аз ин сарвазир зарур мешуморад, ки чораҳо нигоҳ доштани пайвастагии занҷирҳои таъминот андешанд.
Нахуствазир ишора кард, дар нуҳ моҳи соли 2021 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,9 дарсадро ташкил дод, ки он аз ҳисоби бахшҳои воқеии иқтисод таъмин гардида, ҳамчунин афзоиши сармоягузорӣ ва талаботи истеъмолӣ таъмин шудааст. Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 22,6 фоиз афзуд.
Расулзода ҳамчунин таъкид кард, ки ҳиссаи муомилоти мол бо кишварҳои ИДМ дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 47 дарсадро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала