Боздошти шаҳрвандони Афғонистон дар марзи Қазоқистону Русия

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Барои дастгир кардани вайронкунандагони қавонини марзӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти махсус анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Нуҳ шаҳрванди Афғонистон, ки аз вилояти Қазоқистони Ғарбӣ омада, марзи Русияро ғайриқонунӣ убур кардаанд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба нашрияи "МОЙ ГОРОД".
Ба навиштаи манбаъ, моҳи октябри соли ҷорӣ 9 шаҳрванди Афғонистон марзи Қазоқистонро эҳтимолан дар минтақаи Ҷамбул ғайриқонунӣ убур кардаанд.

"Онҳо тамоми манотиқи ҷумҳуриро тай карда, дар наздикии деҳаи Даринское дар ноҳияи Байтерек марзро ғайриқонунӣ убур карданд", - навиштааст расонаҳои маҳаллӣ.

Тибқи иттилои пешакӣ, афғонҳоро нерӯҳои амниятии Русия боздошт кардаанд.
Баъдан иттилоъ дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистонро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тасдиқ кард.
Семьи боевиков ИГ, арестованные или задержанные властями Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Афғонистонро танҳо раҳо накунед: ҳушдор аз хатари марги кӯдакон дар пайи сардиву қаҳтӣ
Раёсат хабар дод, ки ин далел аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ моҳи октябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи қисми 2 моддаи 394-и Кодекси ҷиноӣ "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Президенти Ӯзбекистон: Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад
Мутобиқи қисми 2 моддаи 394 Кодекси ҷиноятӣ ин кирдорест, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст.
Бар асоси ин модда, ҳуқуқвайронкунандагонро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0