Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Боз як нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирус шуд: омори нав

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди на улице в городе Душанбе
Люди на улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як нафари дигар гирифтори коронавирус шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта як ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.
Ҳамзамон 3 нафари дигар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд.
Рӯзи 11- уми ноябр низ вазорат аз гирифтор шудани ду нафар хабар дода буд.
Ухань после смягчения ограничений, введённых в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ шарти поёни пандемияро эълон кард
Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 091 нафар гирифтори он гардиданд, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID - 19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала