"Кам занг мезананд": ноиби раиси Кумита гуфт, чаро нақша иҷро нашуд

© Sputnik Амир ИсаевЗдание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото
Здание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро нақшаи ҷамъоварии бархе намудҳои андоз иҷро нагардид
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Каъбатулло Меликзода, ноиби раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, нақшаи Раёсати андозсупорандагони калон тайи нуҳ моҳ иҷро нашуд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки чунин ҳол асосан аз ҳисоби корхонаи "Ширкати алюминийи тоҷик", ширкати "Тоҷиктелеком" ва ширкатҳои мобилӣ ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфтаи Меликзода, иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба нокифоя будани манбаъҳои андозбандӣ дар ширкатҳои мобилӣ рабт дорад. Вай муътақид аст, ки чунин ҳол ба коҳиши зангҳои байналмилалӣ вобаста аст.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Пули давлатро чӣ гуна "обу лой" мекунанд? Шарҳи Ожонси зидди фасод
Сол аз сол ҳаҷми хизмат­расониҳои трафики овозии байналмилалӣ ва баъзе аз корхонаҳои калони саноатӣ коҳиш меёбад, ки ин боиси кам ва ё афзоиш наёфтани маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андозҳо гардида истодааст, навишт нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли ноиби раиси Кумитаи андоз.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук 111 дарсад ва аз ҳисоби Кумитаи андоз 91,2 фоиз таъмин гардидааст. Қисми аъзами нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявиро андоз аз арзиши иловашуда ташкил медиҳад, ки мақомдори андоз далели инҷро нашудани онро тавзеҳ дод.
Дар маҷмуъ ба гуфтаи Меликзода, дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 миллиарду 990,7 миллион сомонӣ, ба буҷаи давлат 10 миллиарду 55,7 миллион сомонӣ ворид гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала