Посухи тунди Путин бар рақибони Русия

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба "Валдай"
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Обуна шудан
Роҳбари Русия аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки аз масъулияти буҳрони муҳоҷират саркашӣ накунанд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Кишварҳое, ки Русияро дар буҳрони муҳоҷиратӣ дар марзи Беларус ва Лаҳистон айбдор мекунанд, бояд мушкилоти худро ҳал кунанд ва масъулияти худро ба дӯши кишварҳои дигар нагузоранд.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як барномаи шабакаи телевизионии “Россия-1” изҳори назар кард.

"Вақте ки мо изҳорот ё иттиҳом алайҳи Русияро мешунавем, мехоҳам ба ҳама бигӯям: мушкилоти дохилии худатонро ҳал кунед, мушкилоти худро бар дӯши касе дигаре нагузоред. Ин масоилест, ки бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишварҳо ҳал карда шавад", - гуфт роҳбари Русия.

Путин гуфт, ки дар бораи вазъ дар марзи Беларусу Лаҳистон аз расонаҳо огоҳ шудаст.
Ба гуфтаи вай, дар музокирот бо раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҳеҷ гоҳ дар ин мавзуъ гуфтугӯ накардаанд. Дар давраи шиддат гирифтани буҳрон роҳбарони кишварҳо ду бор гуфтугӯи телефонӣ доштанд.
Польская полиция и пограничники блокируют сотни мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Беларус ва Лаҳистон: Тааҷҷубовар нест
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки Аврупо дар буҳрони муҳоҷират танҳо бояд худро гунаҳкор донад.

“Худашон шароит фароҳам оварданд, ки ҳазорҳо ва садҳо ҳазор нафар ба Аврупо бираванд. Ҳоло онҳо гунаҳкор меҷӯянд, то масъулияти ин вазъро аз дӯши худ ба касе дигар гузоранд”, - гуфт Путин.

Вай қайд кард, ки Русия омодааст, дар ҳалли ин мушкил дар марзи миёни Лаҳистон ва Беларус кумак кунад, "албатта, агар дар ин ҷо аз мо чизе вобаста бошад".
Ёдовар мешавем, ки аз фасли тобистон талоши убури марзи Беларус ба Лаҳистон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аз тариқи Беларус бештар муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва Африқо талош доранд, ба Аврупо расанд.
Лентаи хабарҳо
0