Толибон шуморе аз нерӯҳояшонро барканор ва зиндонӣ карданд

© AP / Felipe DanaБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Вазорати дохилаи толибон эълом кардааст, ки Комиссиюни тасфияи суфуфи онон беш аз 400 нерӯи толибро аз вазоифашон барканор ва шуморе аз онҳоро зиндонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Қорӣ Саиди Хустӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии толибон, ахиран гуфтааст, ки Комиссияи тасфияи суфуфи толибон дар чанд рӯзи гузашта беш аз 400 нафарро аз қатори онҳо ихроҷ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин афрод бо иттиҳоми сӯистифода аз номи толибон ва озори мардум аз мақом барканор шудаанд.
Хустӣ афзуд, дар баробари барканор кардани баъзе аз афрод шумори дигаре аз онҳо низ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Туркманҳову паштунҳо": бузургтарин талафоти толибон дар Панҷшер
Қаблан Мулло Ҳибатулло Охунд, раҳбари толибон дар Қандаҳор гуфта буд, ки шуморе аз афрод ва созмонҳои дигар мехоҳанд онҳоро бадном кунанд.
Пас аз он кобинаи ҳукумати толибон тасмим гирифт, ки барои муайян кардани шахсияти ин афрод як комиссияи тасфияи суфуфи таъсис дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала