Мунтахаби Тоҷикистон бинобар иштибоҳи дарвозабон аз тими Қазоқистон мағлуб шуд

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Ин бозӣ дӯстона буд ва ба фоидаи дастаи мунтахаби Қазоқистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамтоёни қазоқи худ мағлуб шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби Қазоқистон дар варзишгоҳи "Остона-арена" -и шаҳри Нурсултон баргузор гардид ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Қазоқистон анҷом ёфт.
Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайнуддинов, легионери 23-солаи мизбон, ки феълан дар дастаи ССКА-и Москва бозӣ мекунад, дар нимаи аввали рақобат, дар дақиқаи 12-ум ба дарвоза ворид кард.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз бе сармураббист: кӣ номзади арзанда ба ин вазифа аст
Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.
Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки қабл аз ин бозӣ сармураббии муваққати тими милли Мубин Эргашев таъин гардид. Ӯ изҳор дошт, ки давоми шаш моҳ тамрини якҷоя накарданд ва футболбозон дар зинаҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳайати тими миллии Қазоқистон бозигарони хеле қавие ба мисли Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0