Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Пас аз қатъи ирсоли кумакҳо аз ҷониби Бонкии Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба бахши беҳдошти Афғонистон дари дастикам 34 беморхона баста шуд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ комилан баста шуд, хабар медиҳад "TOLOnews".
Ин кор пас аз он сурат гирифт, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ аз идомаи ирсоли кумакҳо ба бахши тандурустии Афғонистон даст кашиданд.
Абдулбарӣ Умар, муовини вазири тандурустии ҳукумати толибон ба манбаи мазкур гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки то соли 2024 бахши тандурустии Афғонистонро дастгирӣ ва пайваста кумак мекунанд. Аммо ӯ иддао дорад, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъдаи худро иҷро накарданд.
Военно-транспортный самолет Ан-12, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Маскав ба Афғонистон чӣ кумак ирсол мекунад?
Гуфта мешавад, авҷи коронавирус ба дармонгоҳҳо сарбории зиёд овард ва ба далели мавҷуд набудани доруворӣ беморхонаҳо баста шуданд.
Дар ҳамин ҳол феълан Маркази тиббии Афғонистону Ҷопон дар шаҳри Кобул фаъол аст ва аз тамоми манотиқи ин кишвар гирифторони коронавирус барои табобат ба ин дармонгоҳ меоянд. Аммо ба далели пардохт нашудани маоши табибон аксари онҳо корпартоӣ кардаанд.
Сардухтури ин беморхона мегӯяд, муроҷиати беморон ҳоло бесобиқа аст ва эҳтимол дар ояндаи наздик имкононти ин дармонгоҳҳо ҳам тамом шавад.
Лентаи хабарҳо
0