Коршинос: Дасткашӣ аз хидмати муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав ғайриимкон аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксРабочие Мосметростроя на строительстве станции метро "Новаторская"
Рабочие Мосметростроя на строительстве станции метро Новаторская - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Иҷроӣ шудани тасмими Маскав дар бораи даст кашидан аз хадамоти муҳоҷирон дар сохтмонҳои пойтахт дар шароити пандемӣ ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Коршиносон дар даст кашидан аз муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои Маскав ҳеҷ мушкиле намебинанд, аммо дурнамои воқеии ин масъаларо бидуни муҳоҷирон тасаввур намекунанд, менависад РИА "Новости".
Дирӯз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои барномаи навсозӣ коҳиш дода шавад.
Ба гуфтаи раиси дафтари маскавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Оҷонсии муҳоҷирати СММ Абдусаттор Эсоев, иҷроӣ кардани чунин тасмим дар шароити пандемия ғайриимкон аст.

"Аз нигоҳи созмони мо, ҳар як кишвар ҳуқуқ дорад, ки чунин тасмим гирад. Аммо оё имрӯз андешидани чунин чораҳо воқеист? Пандемия нишон дод, ки соҳаи сохтмон зарар дидааст", - гуфт Эсоев.

Дар ҳамин ҳол ин корманди созмони байналмилалӣ дар робита ба дарёфти ҷойгузин барои муҳоҷирон аз миёни шаҳрвандони Русия шубҳа дорад.
Абдусаттор Эсоев қайд кард, ки агар муҳоҷирон дар сохтмонҳои пойтахт кор наёбанд, дар ҷустуҷӯи бозорҳои дигари корӣ хоҳанд шуд.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Маскав аз муҳоҷирон ба таври куллӣ даст намекашад
"Аксари мо аз Осиёи Марказӣ омадаем, ҳоло то ҷое ки мо медонем, бозорҳои дигар барои ин шаҳрвандон кушода мешаванд - Корея, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ. Мо дар ин ҷо ҳеҷ чизи бад намебинем", - гуфт коршинос.
Мавриди зикр аст, ки сардори Сарраёсати сохтмони Маскав Рафиқ Загрутдинов низ изҳор кардааст, ки даст кашидан аз хадамоти муҳоҷирон бояд марҳила ба марҳила сурат гирад.
Қаблан муовини сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмони шаҳри раиси Маскав Андрей Бочкарев гуфта буд, ки мақомоти пойтахт нақшаи ҳалли камбуди нерӯи кории бидуни муҳоҷирон дар сохтмонҳоро омода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала