Маскав аз муҳоҷирон ба таври куллӣ даст намекашад

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Шаҳрдори Маскав дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар чорчӯби барномаи таҷдид коҳиш ёбад. Сардори идораи сохтмони пойтахт ин тасмимро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар сохтмонҳо дар доираи барномаи навсозӣ ба таври куллӣ аз муҳоҷирон даст намекашанд, менависад РИА "Новости" бо истинод ба раиси идораи сохтмони Маскав Рафиқ Загрутдинов.
Дирӯз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои барномаи таҷдид коҳиш дода шавад.
Ба гуфти вай, бояд русҳо аз минтақаҳои наздики шаҳр ба кор дар сохтмонҳо ҷалб, маоши онҳо афзуда ва шароити муносиби корӣ барояшон фароҳам шавад.

"Вақте мо бо пудратчиён шартнома имзо мекунем, наметавонем дикта намоем, ки аз куҷо ва чӣ мавод харидан даркор ва бо кадом нерӯ иншоот бунёд намудан лозим. Гузариш ҳамвор ва тадриҷӣ хоҳад буд, фармоиш ҳаст, ҳаракат мекунем", - гуфт Загрутдинов.

Вай тавзеҳ дод, ки дар барнома идеяи боло бештар кардани натоиҷи кор, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ барои сохтмони хонаҳои дорои шароити мусоиди корӣ пешбинӣ шудааст.
Строительство завода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Собянин дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шавад
Инчунин, масъалаи зиёд кардани музди кор низ дида мешавад.
Барномаи азнавсозии пойтахт барои аз хонаҳои куҳна (асосан хонаҳои панҷошёнаи давраи Хрушев) ба манзилҳои нави аз ҳисоби шаҳрдорӣ сохташуда кӯчондани зиёда аз як миллион нафар пешбинй шудааст.
История Таджикистана на карте Москвы: Посольство Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Шикояти муҳоҷирон аз шароити ғуломӣ ва ваъдаи сафорат барои расидагӣ ба қазия - видео
То имрӯз, тибқи барнома, дар Маскав 161 хонаи истиқоматӣ бо масоҳати умумии 2 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала