Ӯзбекистон транзити ҳавоӣ ба Беларусро барои шаҳрвандони панҷ кишвар манъ кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд муваққатан фурӯши чипта барои шаҳрвандони ин давлатҳоро маҳдуд кунанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ӯзбекистон транзити ҳавоӣ ба Беларусро барои шаҳрвандони панҷ кишвар: Ироқ, Сурия, Афғонистон, Яман, Лубнон ва Либия муваққатан манъ кард. Ин тадобир 17 ноябр рӯи даст гирифта шуд.

"Аз 17 ноябр дар масири транзити шаҳрвандони Ироқ, Сурия, Яман, Лубнон, Либия ва Афғонистон барои ворид шудан ба қаламрави Беларус аз тариқи Ӯзбекистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ мешаванд", — гуфтааст намояндаи "Узавиатсия" ба РИА Новости.

Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки аз Ӯзбекистон ба Беларус парвоз мекунанд, бояд муваққатан дар фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои шаҳрвандони ин кишварҳо маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Лагерь беженцев на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Вазъият дар марзи Белорус ва Лаҳистон якбора тезу тунд шуд - видео
Дар ҳамин ҳол маҳдудияти муваққатӣ ба баъзе гурӯҳи ашхос: дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва шаҳрвандони ин панҷ кишвар, ки иҷозаи иқомат дар Беларус доранд, дахл нахоҳад дошт.

Вазъ дар марзи Лаҳистон ва Белорус

Вазъ дар марзи Беларус ва Лаҳистон ҳафтаҳои ахир ба далели ҷамъ шудани чанд ҳазор муҳоҷир бад шуд. Муҳоҷирон умедворанд ва талош доранд, ки ба кишварҳои Иттиҳоди Урупо бирасанд.
Мақомоти Лаҳистон амнияти сарҳадро таҳким бахшида, низомиёнро ҷалб карданд ва аз талошҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои вуруд шудан ба ин кишвар ҷилавгирӣ карда, Минскро дар буҳрони муҳоҷират айбдор карданд.
Беларус инро рад ва дар навбати худ Лаҳистонро дар ихроҷи иҷбории муҳоҷирон ба қаламраваш муттаҳам мекунад. Миёни муҳоҷироне, ки дар марз қарор доранд, шаҳрвандони Ироқ, Сурия ва Яман низ ҳастанд.
Беженец с Ближнего Востока раздувает костер неподалеку от пункта пропуска Брузги на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Якеро дафн карданд: Шаби сахти муҳоҷирон дар марзи Беларусу Лаҳистон - тасовир
Сухангӯи дафтари матбуотии Комиссияи Аврупо Стефан де Кирсмакер гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бо ширкатҳои ҳавопаймоие, ки гӯё муҳоҷирони ғайриқонуниро интиқол медиҳанд, дар тамос аст. Дар байни онҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Русия вуҷуд надоранд.
Баъдан шуморе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ширкати "Turkish Airlines", аз қабули шаҳрвандони Ироқ, Сурия ва Яман дар парвозҳо ба Минск худдорӣ карданд. Ширкати ҳавопаймоии Сурияи "Cham Wings Airlines" парвозҳо ба Беларусро қатъ кардааст.
"Бедилу бемағз": Лукашенко аз рӯи сиёсатҳои манфии Лаҳистон парда бардошт
Мақомоти Ироқ эълон карданд, ки ба зудӣ ба баргардонидани ихтиёрии шаҳрвандони худ аз Беларус шуруъ мекунанд.
Ширкати ҳавопаймоии беларусии "Белавиа" хабар дод, тибқи қарори мақомоти Туркия, аз 12 ноябр шаҳрвандони Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистонро ба парвозҳои ин кишвар қабул намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала