Ифтитоҳи мактаби бунёдкардаи ду соҳибкор дар Душанбе: забони таълим - англисӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаШкольники на уроке за партами
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мактаби хусусиеро боз кард, ки дарсҳо дар он бо забони англисӣ гузаронда мешаванд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон”-ро соҳибкорон Зоир Боқиев ва Наврӯз Юнусов бунёд карданд, хабар додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила сурат мегирад ва феълан навбати аввали он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

"Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурдааст ва барои зинаи “Ахтарон”, яъне таҳсили 384 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4 пешбинӣ шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид гард, ки таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ва аз тариқи низоми "Steam education" бо ҷалби муаллимони ҷавон аз дохилу хориҷ роҳандозӣ шудааст.
Школа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Ҷопон барои сохтмон ва бозсозии 10 мактаб дар Тоҷикистон пул медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкоронро дар рушди соҳаи маориф ва ободонии диёр намунаи ибрат хондааст.
Соҳибкорон уҳдадор шуданд, ки дар давоми ду соли оянда марҳилаи дуюми сохтмони бинои асосии таълимгоҳ барои 1280 нафар хонандаро ба анҷом мерасонанд.
Дар пайи анҷоми марҳилаи дуюм хонандагони аз синфи 1 то 11 ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала