Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олим СҶБ-ро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва пайдоиши коронавирусро шарҳ дод

Графическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Тибқи фарзияи нав, аввалин ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 пас аз чанд рӯз дар як нафари дигар ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аввалин бемори коронавирус дар ҷаҳон як фурӯшанда дар бозори моҳии Вуҳан будааст.
Дар ин бора мудири кафедраи экология ва биологияи эволютсионии Донишгоҳи Аризона, доктор Майкл Уоробей иттилоъ додааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ дар маҷаллаи "Science" нашр шудаанд.
Олими амрикоӣ қайд кард, ки аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус 11 декабри соли 2019 рух додааст.
Ин фарзия бо изҳороти аввали Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мухолиф аст. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аввалин шахсе, ки ба коронавирус мубтало шуд, муҳосиб будааст, ки 8 декабри соли 2019 худро бад эҳсос кардааст.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар ИМА назарияи ҳайратовари пайдоиши коронавирус гуфта шуд
Уоробей таъкид кард, ки коршиносон иштибоҳ кардаанд, зеро мард дар аввал аз дарди дандон шикоят кардааст.
Ин маълумот дар картаи муҳосиб сабт шудааст. Олим муътақид аст, ки фарзияи СҶБ барои ФБР қулай аст, ки аз аввал ба ин қазия ғаразнок муносибат карда буд.

"Ман мутмаинам, "қазияи 8 декабр" ба шарофати гузоришҳои хадамоти иктишофии таҳти сарпарастии ФБР, ки дар аввал ба версияи пайдоиши лаборатории вирус такя карда буданд, ба таври васеъ паҳн шудааст", - гуфт олим.

Вай умедвор аст, ки таҳқиқоти ӯ ба бознигарии фарзияҳо дар бораи пайдоиши коронавирус мунҷар мешавад.
Қаблан олимони Фаронса ва Лаос дар як хуффош ё кӯршабпарак вирусеро кашф карданд, ки аз ҷиҳати генетикӣ ба COVID-19 наздик буд. Дар баробари ин дар он унсуре набуд, ки боиси якбора тавсеа ёфтани сироят шавад.
Медики помещают пациента в аппарат компьютерной томографии в городской клинической больнице №40 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гардиши нав дар қазияи пайдоиши коронавирус: маризони аввал киҳо буданд
Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин оғоз шуда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду версияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад.
Якум ин ки COVID-19 ба одамон аз кӯршапаракҳо тавассути ҷонваре интиқол дода шудааст. Дуюм, пайдоиши коронавирусро бо озмоишҳои озмоишгоҳҳо рабт медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала