Поси хотири қурбониёни садама: Эълони сабаби афзоиши марг дар роҳҳои Тоҷикистон

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дар Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи ноябр чун дар бисёри кишварҳои дигар, Рӯзи поси қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ қайд мегардад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар Рӯзи поси хотири қурбониён дар роҳҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад, то аз фоҷеаҳо ҷилавгирӣ гардад. Рӯзи поси хотири қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ аз соли 2005 бо даъвати Маҷмааи умумии СММ қайд карда мешавад.
Зубайдулло Ҳафиззода, муовини аввали сардори Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҳалокшудагон дар садамаҳо тайи нуҳ моҳи аввали соли равон хабар додааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон
Бар асоси иттилои расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 787 ҳодиси роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 290 шаҳрванд ба ҳалокат расидааст. Инчунин дар ин садамаҳо 869 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба гуфтаи Ҳафзиззода, дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта садамаҳо 2 маврид ё 0,35 дарсад ва маҷрӯҳон 40 нафар ё 4,4 фоиз кам шудаанд. Дар баробари ин ӯ афзуд, ки теъдоди ҳалокшудагон 9 адад ё 3,2 фоиз зиёд гардидааст.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала