Даъват ба артиш дар Тоҷикистон беш аз 80 фисад иҷро шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВоеннослужащие армии Таджикистана
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, даъвати наваскарон ба артиш беш аз 80 дарсади иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Давоми 52 рӯз даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба 83,1 фисад расидааст, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардаанд.
Гуфта мешавад, даъвати наваскарон дар навоҳии тобеи марказ низ наздик ба анҷомёбӣ буда, ҳоло ба 96 фисад мерасад.
Вилояти суғд бошад, 77,3% ва вилояти Хатлон 75% - и нақшаи даъватро иҷро кардаанд.
Ахиран вазири мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат бо мақомдорони вилояти Хатлон гуфт, даъвати наваскарон ба артиш бояд саривақт иҷро шавад.
Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб мешаванд.
Варзишгар Бобохон Мирзозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Ихтиёрӣ ё “облава”: Мирзозодаро рӯзе пеш аз мусобиқаи Тошканд аз Хуҷанд ба хидмат бурданд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала