Ихтиёрӣ ё “облава”: Мирзозодаро рӯзе пеш аз мусобиқаи Тошканд аз Хуҷанд ба хидмат бурданд

© Бойгонии шахсии Бобохон МирзозодаВарзишгар Бобохон Мирзозода
Варзишгар Бобохон Мирзозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Варзишгар Бобохон Мирзозодаро, як рӯз пеш аз сафараш ба мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканд, кормандони комиссарияти ҳарбии Суғд ба хидмат бурдаанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Дар ҳоле, ки исми Мирзозодаро Федератсияи самбои Тоҷикистон дар қатори 14 варзишгари дигар шомил намуда буд, ки бояд рӯзи 11 ноябр, барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар мекард.
Аммо як рӯз қабл аз сафари ҳайати варзишгарони тоҷик ба шаҳри Тошканд, кормандони комиссарияти ҳарбии Суғд Бобохон Мирзозодаро аз хонаи истиқоматиаш аз Хуҷанд гирифта ба хидмат бурдаанд.
“Ҳарчанд фаҳмонида шуд, ки ин варзишгар бояд пагоҳ кишварро дар чемпионати шаҳри Тошканд намояндагӣ кунад, кормандони комиссарияти ҳарбӣ гуш накарда, Мирзозодаро ба бинои комиссарият бурданд”, - гуфт яке аз пайвандони варзишгар.
Хабари ба хизмат бурдани Мирзозодаро яке аз роҳбароне, ки бо ҳайати 13 нафараи варзишгарони тоҷик ба Ӯзбекистон сафар кардааст дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд.
Ӯ гуфт, Федератсияи самбо ном ва насаби Бобохон Мирзозодаро дар қатори 13 варзишгар барои иштирок дар мусобиқаи самбо дар шаҳри Тошкандро тасдиқ намуда буд, вале баъди ба хизмат бурдани ин варзишгар дар сафи онҳо як иштирокчии мусобиқа кам шуд.
Бобохон Мирзозода, варзишгари 23 солаи тоҷик аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ зери роҳбарии Фаридун Устопиров, писари мурабӣ Усто Устопиров ва бародари варзишгари номӣ Комроншоҳ Устопириён тамрин мекард ва то ин замон дар чандин мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо гирифтани мақомони аввал дастболо шудааст.
Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Қаҳрамони ҷаҳон шуд: Акмалиддин дар 30-солагӣ ба орзуяш расид
Соли гузашта Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хатм намуда, пайваста машқу тамрин мекард. Хабари як рӯз қабл аз сафари Тошканд ба таври иҷробӣ ва ё “облава” ба хизмат бурда шудани ин варзишгар аз ҷониби мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.
Ҳайати варзишгарони тоҷик рӯзи 11 ноябр тавассути автобус аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” и ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон тавассути автобус сафар намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ то ин вақт ду варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов ҳамаи ҳарифонашро мағлуб намуда барандаи ҷойи аввал ва унвони қарҳрамониро ба номи худ сабт кард. Ва дигаре Хушқадам Хусравов дар вазни 64 кило барандаи ҷойи дуюм ва ноиб – қаҳрамони мусобиқа гардид.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват чанд фисад иҷро шуд: ВМКБ ба анҷом расонид
Чемпионати ҷаҳон дар риштаи самбо рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Тошканд шурӯъ шуда, то рӯзи 14 ноябр идома мекунад. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштироки варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар дошта шудааст.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0