Таъсиси низоми падофанди ҳавоии Тоҷикистону Русия: Путин киро муваззаф кард?

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузаштан ба хазинаи аксКомандно-штабные учения, расчеты ЗРК С-300
Командно-штабные учения, расчеты ЗРК С-300  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Президенти Русия Владимир Путин куратори таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таъин кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Муовини вазири дифоъ Николай Панков ҳангоми баррасии масъалаи тасвиби созишнома дар масъалаи таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, намояндаи расмии раисиҷумҳури Русия таъин шуд.
Фармони дахлдори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель Министра обороны Российской Федерации Николай Панков
Заместитель Министра обороны Российской Федерации Николай Панков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Заместитель Министра обороны Российской Федерации Николай Панков
Ёдовар мешавем, ки моҳи май Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дастур дода буд, ки бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон созишнома имзо кунад.
Шартнома ба муҳлати номуайян баста мешавад, вале ҳар кадоме аз тарафҳо ҳуқуқ доранд онро ҳар вақт бекор кунанд.
Зенитно-ракетный комплекс С-300ПС, переданный от РФ Казахстану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Русия низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ кард
Ин ташаббус ба Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад. Лоиҳаро идораҳои дахлдори Тоҷикистон пешакӣ тасдиқ карданд.
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
Тарҳ ба баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон равона шудааст.
Ба гуфти коршиносони низомӣ, ин тадбирҳо барои навсозии технологияҳои кӯҳна, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд, низ заруранд.
Военные учения Восток-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2020
Русияву Тоҷикистон фазои ҷумҳуриро якҷоя ҳимоят мекунанд
Ҳамчунин таъкид шуд, ки иқдомоти таъсиси низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба далели ташдиди авзоъ дар Афғонистон хеле саривақтӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала