Идомаи кумаки Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Русия тасмим дорад, ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир идома диҳад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Владимир Тарабрин, сардори Раёсати чолишҳо ва таҳдидҳои нави Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, кӯмаки ин кишвар ба Осиёи Марказӣ дар таҳкими кадрҳои мақомоти салоҳиятдоре, ки бо қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд, таъсири худро собит кард ва ин раванд идома хоҳад ёфт.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Тошканд дафтари СММ дар умури қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барномаи нави ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025-ро бо вазоратҳои хориҷаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро имзо кард.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
Бояд гуфт, Русия яке аз донорҳои ин барнома мебошад.

"Русия ҳадафи идомаи тасбити муассирии лоиҳаҳои худ дар бораи зарфиятҳои ниҳодҳои кишваршҳои Осиёи Марказӣ ва омӯзиши кадрҳои зидди қочоқи маводи мухаддир дар муассисаҳои омӯзишии ин кишварро дорад”, - гуфт Тарабрин ҳангоми имзои созишнома.

Дипломати рус қайд кард, ки созишномаи нав афзалиятҳои асосии кумаки Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳор соли оянда дар чаҳорчӯби кумакҳои донории СММ-ро инъикос мекунад.
"Кишварҳои моро ба таври анъанавӣ чолишҳо ва таҳдидҳои муштараки амниятӣ муттаҳид мекунанд, ки тақвияти ҳамоҳангшударо талаб менамоянд", гуфт Тарабрин.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Ишораи Патрушев ба даст доштани муҳоҷирони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир
Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири ҳероин аз Афғонистон, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ, инчунин бастани роҳҳои таъмини созмонҳои террористӣ бо силоҳ ва мол меравад.
"Яке аз самти муҳими кумаки техникӣ таҳияи амалҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас мебошад", - илова кард Тарабрин.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши ҷавонони минтақа, ки имрӯзҳо дар Самарқанд бо кумаки Русия ҷараён дорад, маҳз бо ҳамин ҳадаф аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала