Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ дар мактабсозӣ кумак хост: ҳар сол 250 ҳазор талабаи нав

© Дафтари матбуоти Вазорати маорифи ҶТМулоқоти Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони Бонки ҷаҳонӣ
Мулоқоти Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони Бонки ҷаҳонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони Бонки Ҷаҳонӣ мушкилоти соҳа дар ҷумҳуриро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо Фадиа Саада, мудири минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Имомзода бо зикри лоиҳаҳои татбиқшуда дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии тестӣ, бозомӯзии беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ таъкид намудааст, ки ҳанӯз мушкилот зиёданд.
Ба иттилои Вазорати маориф, Имомзода яке аз мушкилотро норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ гуфтааст.
"Агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд", - изҳор доштааст вазири маориф.
Ӯ илова намудааст, инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ифтитоҳи мактаби бунёдкардаи ду соҳибкор дар Душанбе: забони таълим - англисӣ
Дар ин робита вазир ҳамкорию дастгирии шарикони рушдро муҳим хондааст.
Фадиа Саада изҳор доштааст, ки пеш аз пандемияи коронавирус Бонки Ҷаҳонӣ нақшаи бузурге дар ҷиҳати рушди зеҳнӣ ва маориф барои Тоҷикистон дошт, аммо пандемия боис гардид, ки ин нақша чанд муддат амалӣ нагардад. Ӯ зарур хондааст, ки кор тасреъ ва нақшаҳои амалинашуда дар муҳлати кутоҳ ба анҷом расонда шаванд.
Инчунин ба иттилои Вазорати маориф, дар ин мулоқот лоиҳаи нави фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти тамоми инфрасохтори зарурӣ муртабит аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала