Иқтисоди Тоҷикистон хисороти пандемияро пушти сар кард: гузориши БАОР

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Мутахассисони БАОР иқтисоди кишварҳои шарикро таҳлил намуда, пешгӯиҳоеро барои соли оянда ироа кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Фаъолияти иқтисодӣ дар саросари минтақа то нимаи соли 2021 ба сатҳи пеш аз пандемия баргашт, омадааст дар гузориши Бонки Авруосиёии Рушд.
Ба эҳёи иқтисоди кишварҳои узви БАОР таъсири буҷа ва сиёсати пулию қарзӣ, инчунин афзоиши содирот ва мутобиқ шудани аҳолию созмонҳо ба шароити пандемия мусоидат кардааст, гуфтаанд гузоришгарони бонк.
Бонки Авруосиёии Рушд қайд мекунад, ки раванди нобаробари барқарорсозӣ дар байни кишварҳои минтақаи фаъолияти бонк идома дорад.
Калькулятор и график - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз пешгӯиҳо зиёдтар шуд: омори коршиносон
Аз ҷумла, таҳлилгарон Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистонро ҷудо карданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии онҳо аз сатҳи пеш аз пандемия бештар гуфта мешавад.
Дар маҷмуъ дар охири соли 2021 рушди ММД дар Тоҷикистон 7,9% пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, дар соли 2022 Тоҷикистон ба суръати устувори рушди иқтисодии 6-7-дарсадӣ дар як сол ноил шавад.
Ҳамчунин, тибқи пешбинии БАОР, коҳиши таваррум дар Тоҷикистон аз 8,3%-и имсол ба 6,3% дар соли оянда мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала