Сӯхтори азим дар анбори пахтаи “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳ

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Манобее аз ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, сӯхтори анбори нигоҳдории пахта соатҳои 03:00 субҳ сар зада, то кунун алангаи оташ хомӯш нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Алҳол кормандони идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ ба ҷойи ҳодиса, ба шаҳраки Бӯстон ҳозир шуда, талош доранд, оташро хомӯш намоянд.
Неъмат Идизода, сардори идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта, ки мансуб ба ширкати “Музаффар компания” сар задааст.
Ӯ гуфт, ҳодиса тақрибан соатҳои 03:00-и субҳ рух додааст.

“Алҳол ҳама талоши мо ин аст, ки алангаи сӯхторро хомӯш кунем. Баъдтар сабаби сар задани сӯхторро муайян намуда, шарҳ медиҳем”, - гуфт Идизода.

Бино ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар маконе сар задааст, ки он ҷо ҳудуди 1300 тонна нахи пахтаи тайёршуда нигоҳдорӣ мешуд.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Фаврӣ: Сӯхтор дар тахтабозори "Баракат" дар Суғд - видео
Дар пайи сар задани сӯхтор ҳоло ҳама масъулони идораҳои давлатӣ ба ҳисоби Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ ба ҷойи ҳодиса, шаҳраки Бӯстон рафта, он ҷо ҳузур доранд.
Гуфта мешавад, сабабҳои сар задани сӯхтор ва хисорот аз он баътар эълон мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала