Раҳмон 23 додрасу додситонро таъйину барканор кард: Поквиҷдонона хизмат кунед

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чанд ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар тағйироти кадрӣ роҳандозӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – додгоҳ, додситонӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Бо фармонҳои ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Лахш ва додрасҳои бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат аз мақомашон барканор шудаанд.
Сабаби барканории додрасҳо чунин ташреҳ шуда: онҳо бинобар "ба анҷом расидани муҳлати ваколати судя аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хидматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд".
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент мақомоти Кумитаи меъмориро ҷо ба ҷо кард
Ҳамзамон президент дар мақомоти додситонӣ низ тағйироти кадрӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, додситонҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иваз шудаанд.
Президент инчунин додситонҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд ва Фирдавсии шаҳри Душанберо аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ таъйин кардааст.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, кормандони навро ба хидмати софдилона даъват кард.
Оборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон мудирони се телевизионро таъйин кард
Ӯ дар зимни мулоқот ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур эшонро дар робита ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
"Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала