Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бо даҳҳо таҳаввул: Дар Африқо штамми нави коронавирус кашф шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание штаб-квартиры Всемирной организации здравоохранения
Здание штаб-квартиры Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
СҶБ хатари ин навъи коронавирусро баррасӣ хоҳад кард. Агар натиҷаҳо боиси нигаронӣ шаванд, ин навъи коронавирус бо ҳарфи юнонӣ номгузорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар яке аз иёлатҳои Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавирус кашф шуд.
Дар робита ба ин Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маҷлиси вижа баргузор мекунад. Дар ин бора Мария Ван Керхове, роҳбари гурӯҳи техникии шуъбаи бемориҳои изтирории СҶБ хабар дод.
Ин созмон гуфт, ки варианти навро бо даҳҳо таҳаввул дар протеини сафеда пайгирӣ мекунад ва муайян мекунанд, ки чӣ гуна ваксинаҳои мавҷуда ба он таъсир расонида метавонанд.

"Дар бораи ӯ то ҳол маълумоти кофӣ надорем. Камтар аз 100 мавриди пай дар пайи пурраи генетикӣ дастрас аст <...>. Аммо мо медонем, ки ин штамм дорои таҳаввули зиёд аст", - гуфт Мария Ван Керхове

СҶБ хатари ин навъи коронавирусро ба саломатии инсон муайян хоҳанд кард.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чаро нест шудани штамми "делта"-и коронавирус хатарнок аст: шарҳи коршинос
Агар натиҷаҳо боиси нигаронӣ шаванд, ин навъи коронавирус бо ҳарфи алифбои юнонӣ номгузорӣ мешавад.
Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охирини СҶБ, беш аз 258 миллион нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд, ки беш аз панҷ миллион аз онҳо ҷон додаанд.
Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад
Вазъияти душвортарин дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Бритониёи Кабир аст. Русия дар ин феҳрист дар ҷои панҷум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала