КДАМ ҶҚ: Вакилон ва мансабдорони собиқ ба тасарруфи қудрат омодагӣ мегирифтанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
КДАМ мегӯяд, дар Қирғизистон тазоҳуроти оммавӣ ва дар пайи он даргириҳо бо маъмурони интизомӣ ва тасарруфи қудрат ба нақша гирифта шуда буд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти як гурӯҳи ҷиноӣ, ки қасди ғасби хушунатомези қудратро дар ин кишвар доштааст, ҷилавгирӣ кардааст.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар хабар додааст.
Зикр мешавад, ки ин дар рафти корҳои таъмини амнияти интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ маълум шудааст.

"Мо дар бораи гурӯҳе маълумот гирифтем, ки қасди ташкили иғво ва ноором кардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар кишварро дошта, пас аз интихобот дунболи ғасби хушунатомези қудрат будааст", - омадааст дар паём.

Кумитаи давлатии амният аз рӯи моддаҳои 38 ва 309 (тайёрӣ ба ғасби қудрат)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон парванда боз намуда, Додситонии кул гурӯҳи тафтишотии байниидоравӣ таъсис додааст.
Тавре зикр гардид, дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи як гурӯҳи одамон таҳти роҳбарии баъзе қувваҳои сиёсии харобиовар далелҳои раднашаванда ба даст оварда шуданд. Дар байни онҳо вакилони Жогорку Кенеш ва собиқ мансабдорони баландпоя низ ҳастанд.
Митинг сторонников Орхана Инанды у здания правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Ду тазоҳурот дар як вақт дар маркази Бишкек - видео
"Муайян шудааст, ки пас аз эълони натоиҷи интихоботи дарпешистодаи порлумонӣ ин гурӯҳ бо умед ба пуштибонии нерӯҳои алоҳидаи сиёсӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар интихобот шикаст хӯрда буданд, қасд доштанд, ки бо ғасби қудрат дар шаҳри Бишкек тазоҳуроти оммавӣ ташкил кунанд", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои КДАМ, ин гурӯҳ ҳудуди 1000 нафар аз ҷавонони хашмгинро барои ташкили тазоҳуроти оммавӣ ҷалб кардааст. Бо онҳо вохӯриҳои муназзам барпо шуда, нақшаҳои ташкили иғвову бетартибиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
"Бо мақсади пешгирӣ аз рафъи фаъолияти ҷиноии ин гурӯҳ 26 ноябри соли ҷорӣ муфаттишони КДАМ ҶҚ дар ҷойи истиқомати иштирокчиёни фаъол ва дафтари иҷораи онҳо ковтуков гузарониданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Эътироз дар назди муфтиёти Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Дар Қирғизистон боз эътироз: дар назди муфтиёт юрт гузоштанд - видео
Дар натиҷа ба ҷуз аз ҳуҷҷатии тасдиқкунандаи омодагӣ ба ҷиноят, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир дарёфту мусодира гардидааст.
Аз рӯи натиҷаи амалиёти тафтишотӣ ва далелҳои раднашавандаи ба дастомада дар рафти тафтишот, дар бораи боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани беш аз 15 нафар аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ қарор қабул карда шуд.
КДАМ афзуд, феълан корҳои тафтишотӣ аз рӯи ин парвандаи ҷиноӣ идома дошта, аъзои дигари гурӯҳи ҷиноии зикршуда муайян карда мешаванд, ки ба амалҳои онҳо низ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0