Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкЛоготип автомобильной компании "Инфинити"
Логотип автомобильной компании Инфинити  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як мард мошини "Инфинитие"-ро аз сокини шаҳри Турсунзода гирифта, онро фурӯхтааст, аммо маблағашро ба соҳибаш барнагардондааст.
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 36-солаи сокини Дӯстиро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки номбурда моҳи августи соли равон дар шаҳри Бохтар бо марди 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, ба боварии ӯ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Инфинити"-ро ба маблағи 120 000-сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст.
Мақомот мегӯянд, ин нафар ба соҳиби мошин ваъда додааст, ки маблағашро рӯзҳои наздик бармегардонад, аммо мошинро фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
ВУД таъкид намуд, алайҳи номбурда аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Вақтҳои охир аз тарафи мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.
Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0