Эълон аз тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист - видео

CC BY-SA 3.0 / wikipedia / Zack Knowles / Город Хорог, архивное фото
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Мақомот бо нашри як эълон аз тариқи телевизиони маҳаллии "Бадахшон" аз сокинони ВМКБ даъват кардаанд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ даст кашанд
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Дар муроҷиатномае, ки тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш гардид, ҷамъ омадани шаҳрвандон дар пеши бинои ҳукумати ВМКБ ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст.
Дар муроҷиатнома ҳушдор дода шудааст, ки ҷамъшавии ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Таъкид шудааст, ки ба хотири ноором нагардидани шаҳри Хоруғ сокинон аз таҷаммӯъ худдорӣ намоянду ба ободкорӣ рӯй оранд.
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон танҳо рӯзи 27-уми ноябр барои дафн аз майдони пеши ҳукумати ВМКБ бурда шуд. Мақомоти кишвар то ҳоли ҳозир расман дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.
Памятник Исмаилу Самани в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захм бардоштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала