Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев: аз шодбошӣ то ҳамкориҳои минбаъдаву кумак ба Афғонистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Ӯзбекистонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт. Ҷонибҳо ҳамчунин ба вазъи Афғонистон ҳам дахл намуданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Туркманистон қарор дорад, бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев вохӯрд.
Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шавкат Мирзиёевро сидқан барои дубора такя задан ба маснади президентӣ муборакбод гуфт.
Раисиҷумҳурон таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самтҳо бомуваффақият инкишоф меёбад. Ҳамчунин аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузориии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ зарур аст.
Сарони давлатҳо зимни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон омода аст, бо фароҳам овардани имконоти логистикии худ, барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ишқобод 15 -умин саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала