Раиси ҳукумати толибҳо аз ҳаққи занон, давлати фарогир, муқовимат ва бетартибиҳо гуфт

© Twitter \ Suhail.SМулла Хусейн Охунд, глава правителства Талибана
Мулла Хусейн Охунд, глава правителства Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Раиси ҳукумати нав дар Афғонистон дар бораи ҳукумати ҳамашумул, ҳуқуқи занон ва бетартибиҳое, ки толибҳо дар кишвар анҷом медиҳанд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳамаи мушкилоти Афғонистон дар пайи озод шудани дороиҳои ин кишвар ҳал хоҳанд шуд, изҳор дошт Ҳасан Охунд, роҳбари ҳукумати толибҳо зимни як муроҷиати овозияш тариқи телевизион.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Охунд изҳор доштааст, ки дар пайи ба ҳукумат расидани толибҳо, ИМА захоири давлатии Афғонистонро масдуд карда, феълан барои ин гуруҳ танҳо 0,1 дарсад аз 9,4 миллиард доллар дастрас мебошад.
Ба муроҷиатҳо дар мавриди озодсозии ин захираҳои молиявӣ, қаблан котиби давлатӣ Энтони Блинкен изҳор дошт, ки Ғарб ин корро танҳо баъди иҷрои шартҳои муайян дар Афғонистон иҷро мекунад, ки якеаш ташкили ҳукумати фарогир мебошад.
Ҳасан Охунд дар муроҷиаташ изҳор доштааст, ки ин масъаларо бояд мардуми Афғонистон ҳал кунанд ва ба гунаи намуна набояд ҳукумати пешӣ оварда шавад, ки дар он низомҳои алтернативӣ бо ҷонибдорони худашон мавҷуд буданд.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо нерӯҳои вижаро ҷо ба ҷо мекунанд
Ӯ илова намудааст, ки занон дар Афғонистон метавонанд таҳсилу кор кунанду аз ҳуқуқҳои қонунии худ бархӯрдор бошанд.
Ба гуфтаи Охунд, толибҳо нияти дахолат ба кори кишварҳои дигарро надоранд, танҳо мехоҳанд, кишварашонро аз камбағалӣ берун кашанд.
Дар мавриди бетартибиҳое, ки дар кишвар анҷом дода мешаванд, роҳбари ҳукумати нав изҳор доштааст, ки ин корҳоро гуруҳҳои ҷиноӣ аз номи толибҳо карда истодаанд. Вай таъкид намуд, ки чунин афрод халъи силоҳ шуда истодаанд.
Сарфи назар аз афви эълоншуда, Охунд таъкид намудааст, ки толибҳо бо афроде, ки алайҳашон қиём мекунанд, шадидан бархӯрд хоҳанд кард.
Толибҳо нимаи моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ба қудрат расида, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала