Аз тиббу нерӯгоҳ то роҳ ба бандарҳои Эрон: Раҳмону Раисӣ аз ҳамкориҳо гуфтанд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана
Эмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронияш, Сайид Иброҳим Раисӣ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо президенти Эрон Сайид масоили марбут ба робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид кардааст, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
"Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин Раҳмон ва Раисӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингардро аз самтҳои дигари муфид барои ҳар ду ҷониб хондаанд.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев: аз шодбошӣ то ҳамкориҳои минбаъдаву кумак ба Афғонистон
Зимни баррасии ҳамкорӣ дар риштаи нақлиёт, роҳбарони ду кишвар пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.
Инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз мавзуъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки 28 ноябр дар Ишқобод нишасти роҳбарони кишварҳои узви СҲИ баргузор мешавад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала