СҶБ дар воҳима: "омикрон" метавонад боиси марги оммавӣ гардад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксКарантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19
Карантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Навъи нави COVID-19 метавонад як озмоиши ҷиддӣ барои инсоният гардад: ТУТ мавҷҳои навбатии пандемияро истисно намекунад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Навъи "омикрон"-и коронавирус метавонад боиси пандемияи васеъ гардад. Дар ин бора коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) хабар доданд.

"Навъи нави "омикрон"-и коронавирус метавонад ба хуруҷи беморӣ бо оқибатҳои вазнин оварда расонад", - қайд карданд олимон.

Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳо бояд ба таври фаврӣ эмгузарониро суръат бахшанд. Онҳо таъкид карданд, доруҳои қаблан барои коронавирус сохташуда имкон медиҳанд, ки "то андозае" аз шадиди COVID-19 ва марг муҳофизат кунанд.
Сотрудники лаборатории в Нанкине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
"Sinovac" гуфт, дар сурати зарурат омодааст, зидди навъи "омикрон" ваксина созад
Бо вуҷуди ин нафарони ваксинашуда низ метавонанд гирифтори нави "омикрон"-и коронавирус шаванд, аммо "бо миқдори ками пешбинишаванда, вобаста ба дараҷаи самаранокии ваксина."
Қаблан СҶБ бинобар сабаби шиддати нави COVID-19 нишасти изтирорӣ даъват карда буд ва дар он коршиносон омикронро як навъи коронавирус арзёбӣ карданд, ки нигаронкунандааст.
Раиси Ассотсиатсияи ҷаҳонии пизишкон Фрэнк Улрих Монтгомери гуфт, ки ин навъ аз нигоҳи хатар метавонад бо вируси Эбола муқоисашаванда ва ба мисли "делта" сирояткунанда бошад.
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад
Навъи нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Дар айни замон "омикрон" паҳншавиро дар дигар давлатҳо идома медиҳад.
Ҳодисаҳои сирояти ин навъ дар Шотландия, Фаронса, Португалия, Ҳонконг, Белгия ва Исроил ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи изҳороти расмии "Роспотребнадзор", дар Федератсияи Русия то ҳол ягон ҳолати сироят ба "омикрон" вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала