Ҷудочиёни тоҷик ба Лубнон мераванд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Аз Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон ҳафт нафар (шаш писар, як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон нуҳ варзишгари писар меравад
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар шаҳри Бейрути Лубнон Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки сабқат аз дуюм то панҷуми декабр миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он ҷудочиёни тоҷик низ ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин қаҳрамонии миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар сабқати миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати ширкат мекунанд.
Ҳафт ҷудокори ҷавони тоҷик барои қаҳрамонии ҷаҳон дар Итолиё зӯрозмоӣ мекунанд

Аз Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон ҳафт (шаш писару як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон нуҳ нафар писар меравад.

Қувваозмоиҳои наврасон дуюму сеюми декабр ва миёни ҷавонон чаҳоруму панҷуми декабр барпо мегарданд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Ҷамъбасти сабқати ҷудо дар Душанбе ва эълони ғолибон: ном ба ном
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон : дар вазни -50кг - Ҷасур Лутфишоев, -52кг - Меҳрона Маҳмадзода, -60кг - Сируш Эркаев, -66кг - Муҳаммад Юсуфзода, -73кг - Сунатулло Мусоев, -90кг - Сомонӣ Кишваров ва +90кг - Парвиз Абдураҳмонов.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни ҷавонон : дар вазни -66кг - Хурсандқул Куганов, -66кг - Абубакр Шеров, -73кг - Муҳаммадиқбол Тошев, -73кг - Масъуди Аҳмадзод, -81кг - Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, -81кг - Шодмон Ризоев, -81кг - Раҳматулло Мирзоев, -100кг - Мансур Раҳмон ва +100кг - Давлатҷон Назриев.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала