Аз таксӣ то мошинҳои гаронбаҳо: милитсия қонуншикании 15 ронандаро ифшо кард

Сотрудники полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе акси 15 ронандаро бо мошинҳояшон нашр намуд, ки дар нақзи қонун муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. РВУД дар шаҳри Душанбе сомонаи худро бо акси 15 ронанда бо мошинҳои сабукравашон "оро" додааст. Ин ронандаҳо дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам дониста мешаванд.
Манбаъ меафзояд, дар идомаи амалиёти "гурӯҳҳои мобилӣ" нақзи қоидаи таваққуфи нодурусти мошинҳо аз тарафи 15 ронанда ошкор шудааст. Дар сомонаи ин ниҳод, ки акси ронандаҳо бо мошинҳояшон гузошта шудааст, ки аксарашон худравҳои гаронбаҳое бо "номерҳои крутой" доранд.
Дар миёни онҳо ҳамчунин ронандагони чанд мошини таксӣ низ ҳастанд.
Один из задержанных автомобилей из-за беспорядков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Пулис бетартибии шабонаи соҳибони мошинҳои "крутой" дар Душанберо ошкор кард - навор
Зикр гардид, ки ронандаҳо мошинро дар қатори деюм ва сеюми роҳ ё истгоҳҳо, ки аслан барои автобусу троллейбус мебошанд, нигоҳ медоштанд. Маълум нест, ки кормандони милиса ронандагонро дар баробари акс гирифтан ҷазои маъмурӣ ё ҷарима кардаанд ё на.
Ин ниҳод аз тамоми ронандагон даъват намудааст, ки мошинҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва ҳамчунин истгоҳҳо нагузоранд.
Қаблан ҳам раёсати мазкур аксу наворҳо аз қонуншиканиҳои ронандагонро нашр намуда буд, вале ин гуна ҳолатҳо ҳамоно дар ҷодаҳои пойтахт пайваста такрор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала