Назарбоев аз иштибоҳҳои сахти худ дар замони президентӣ гуфт: домодашро мисол овард

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Казахстана Нурсултан Назарбаев, архивное фото
Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Кишвардори собиқ аз он изҳори таассуф намуд, ки ба домоди худ бовар карду дар мақоми баланд ҷояш дод
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар бораи зиндагиномаи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев филми ҳуҷҷатӣ омода шуд, ки онро продюсер ва кинорежессер Оливер Стоун таҳия намудааст.
Дар ин филм нахустин президенти Қазоқистон дар мавриди иштибоҳҳои калони худ ҳарф зад, ки замони дар маснади президентӣ қарор доштан сурат гирифтаанд.
Ӯ аз ҷумла изҳори пушаймонӣ кард, ки замоне ба домоди худ бовар карду ӯро дар мақоми баланд ҷо дод.

"Ӯ бо истифода аз мансабаш ба азхудкунии пули давлат сар кард. Ман ӯро ҳушдор додам, ки ин корашро бас кунад. Тасаввур кунед, домоди ман соҳиби се фарзанд буд. Духтарам бо се фарзандаш назди ман омаду кумак талабид. Аммо ман натавонистам кумак кунам, зеро ӯ ҷинояткор аст", - бо таассуф изҳор доштааст Назарбоев

Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки замоне ба одамони зиёд бовар карду онҳоро мансаб дод, вале баъдан онҳо ба муқобилаш рафтор карданд.
Президент СССР Михаил Горбачев (слева) и Президент РФ Борис Ельцин (справа)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
"Ман авҷи мухолифати онҳоро дидам": Назарбоев дар бораи муноқишаи Елтсин ва Горбачев
Ӯ аз вазифа додан ба ҷавонони 30-32-сола пушаймонӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо зуд ба дуздидани пули ночизи давлат сар карданд ва аксарашон бо гумони даст доштан дар фасод боздошту ҳабс шуданд.
Ёдовар мешавем, ки филми "Qazaq: таърихи одами тилоӣ" дар шабакаи телевизионии КТК якуми декабр, дар Рӯзи нахустин президенти Қазоқистон намоиш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0