Талоши мақомот барои пешгирӣ аз тавсеаи коронавирус: Ваксина гиред!

© Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон
Аҳмадзода Дилноза муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Гурӯҳи корие ба хотири шарҳу тафсири манфиати ваксинагирӣ дар миёни аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар кард
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафт, то сокинонро ба гирифтани ваксина бар зидди ҷалб КОВИД- 19 ҷалб намояд.
Таъкид шудааст, ки ин гурӯҳи кориро Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
Қабл аз сафари гурӯҳи корӣ Дилноза Аҳмадзода бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва дигар шахсони масъул ҷаласаҳои корӣ анҷом дод.
Зимни ҷаласаи корӣ роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳадафи фаъолияти он маълумот пешниҳод карда, нақшаи намунавии фаъолиятро миёни роҳбарони зергурӯҳҳо ва дигар масъулин муаррифӣ намуд.
Ҷараёни ваксинзанӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Чӣ гуна дар ноҳияи Рӯдакӣ мардум аз коронавирус эмин мешаванд - видео
Аъзои гурӯҳи корӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, миёни аҳли зиё ва аҳли шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич ҷаласа баргузор карданд.
Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ин мулоқотҳо нақшаи пурзӯр намудани фаъолият дар ҷиҳати ваксинагирии аҳолӣ тасдиқ гардида, давоми ҳафта аз супоришҳои он натиҷагирӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баргузории чунин иқдомот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то чоруми декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала