Кумаки ЮНЕСКО барои бозомӯзии муаллимони тоҷик

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонКриста Пиккат мудири минтақаии бахши илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО-и СММ
Криста Пиккат мудири минтақаии бахши илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО-и СММ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
ЮНЕСКО омодааст, ба Тоҷикистон барои таъсиси озмоишгоҳҳо барои бозомӯзии омӯзгорони низоми таҳсилоти касбӣ кумак кунад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар ин бора Криста Пиккат, мудири минтақаии бахши илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО-и СММ дар Алмаато ҳангоми дидору гуфтугӯ бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ҳамчунин вай афзуд, ки ЮНЕСКО омода аст, барои тайёр кардан захираҳои кадрӣ ва баланд бардоштани малакаҳо дар ҷиҳати хидматрасонӣ дар соҳаи туризму меҳмондорӣ ба мақомоти Тоҷикистон кумак намояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар дидори вазир бо намояндаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ширин Амонзода бо мақсади ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи литсейҳои касбии техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои муосир пешниҳодҳо кард.
Узбекистанцы во время праздника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
ЮНЕСКО сатҳи дониши шаҳрвандони Ӯзбекистонро сад фисад арзёбӣ кард
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳоти таҳсилоти касбӣ-техникӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тайёр кардани кадрҳо барои амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои кишвар, ки барои рушди таҳсилоти босифатанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, тарафҳо зимни мулоқот омода кардани кадрҳои коргариро барои рушди бозори кор, такомули нерӯи кадрҳои коргарӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар муҳим донистанд.
Ҷонибҳо “барои муайян кардани тамоюлҳои асосӣ ва идоракунии ҳайати омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар кишвар, аз ҷумла, система ва роҳҳои таълими касбии педагогӣ, шиносоӣ бо ихтисосҳо ва таҷрибаи мавҷуда дар ин самт, стандарт ё чаҳорчӯбаи тахассуси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбию техникӣ ва таълими калонсолон ибрози назар карданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала