Омикрон ба 38 давлат расид: таъсири ваксина ба он ҳоло дақиқ нашудааст

© PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки ваксинаҳои кашфшуда зидди он хоҳанд буд ё на
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Штамми омикрон дар 38 кишвари ҷаҳон ошкор шудааст, хабар дод коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) Мария ван Керхове дар Женева.
"Мо аз 38 кишвар дар панҷ минтақаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ошкор шудани як штамми нав гузориш гирифтем", - изҳор дошт ӯ зимни як ҷаласа.
Ба гуфтаи коршинос, тибқи иттилои аз Африқои Ҷанубирасида, теъдоди афроди мубтало дар он ҷо афзоиш меёбад.

"Гузоришҳое вуҷуд дорад, ки он бештар сироят мекунад, аммо мо бояд фаҳмем, ки ин навъ дар муқоиса бо делта, ки ҳоло ҳам дар ҷаҳон ҳукмфармост, бештар сироят мекунад ё камтар", - гуфт ӯ.

Мария ван Керхове қайд кард, ки омикрон дар феҳристи навъҳои мариди нигаронии ТУТ аст, аммо дар ин рӯйхат штаммҳои дигар низ хоҳанд буд, зеро вирус ҳар қадар бештар гардиш кунад, ҳамон қадар қобилияти тағйирёбӣ дорад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Олим гуфт, ки чаро омикрон пандемияро хотима медиҳад
ТУТ истисно намекунад, ки "омикрон" метавонад вазъияти бемориро дар Аврупо, ки "делта" бартарӣ дорад, бадтар кунад.
Коршинос шарҳ дод, ки то ҳол маълум нест, ки ваксинаҳои мавҷуда бар зидди COVID-19 ба ин навъ чӣ гуна таъсир мерасонанд.
“Ин барои мо як саволи бузург аст. Барои фаҳмидани таъсири ваксинаҳо вақт лозим аст", - гуфт Мария ван Керхове.
Тавре директори барномаи изтирории ТУТ Майкл Райан тавзеҳ дод, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ваксинаҳои коронавирус барои мубориза бо омикрон иваз карда шаванд.
Жители Душанбе на улице в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Вазорати тандурустӣ аз эҳтимоли пайдоиши "омикрон" дар Тоҷикистон гуфт
Дар Тоҷикистон ҳоло аз адами мавориди коронавирус гузориш мешавад ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҳич як мавриди гирифторӣ ба ин вирус иттилоъ надодааст.
Вале қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала