Ҳисоби ҷарима ва боҷу андоз дар Тоҷикистон аз оғози соли 2022 зиёд мешавад: Чӣ қадар?

© © Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Дар Тоҷикистон аз якуми январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисоби ҷарима, андозу боҷ ва пардохтҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар гардид.
Ин нукта дар Қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022 таъкид гардидааст, ки ахиран аз ҷониби парлумон ва президент тасвиб шуд. Ин нишондиҳанда барои ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 60 сомонӣ мебошад. Соли гузашта он муодили 58 сомонӣ буд.
Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Баҳси буҷа дар Маҷлиси Ҳукумат: Дастури Раҳмон барои пардохти бетаъхири маошу кумакпулиҳо
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли оянда муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад.
Таъкид мешавад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид. Аз якуми январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 ва аз якуми январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала