Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд

© AP / Northrop GrummanИстребитель F-35
Истребитель F-35 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Қаблан халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои низомиро аз толибон "рабуда" буданд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Толибон мегӯянд, чанд ҳавопаймои "рабудашуда"-ро, ки халабонҳои ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода буданд, баргардонданд, хабар медиҳад "TOLOnews" аз қавли Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи корпуси артиши Ал-фатҳ, ки дар вилояти Балх мустақар аст. Маълум нест, ки толибон аз кадом кишвар ҳавопаймоҳои рабудашударо баргардонданд.
Умарӣ изҳор доштааст, ки аллакай чанд мошин бо мувофиқа бо як кишвари номаълум ба Афғонистон фиристода шудааст.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Толибон парвоз меомӯзанд: аввалин размоиши нерӯҳои ҳавоии Афғонистон алайҳи кӣ хоҳад буд?
Ҳадс зада мешавад, ки ин кишвари номаълум Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Ёдовар мешавем, қаблан хабаргузории "Avia.pro" хабар дода буд, ки зиёда аз 60 воҳиди ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон хориҷ карда шуд.
Ин манбаъ қайд кард, ки халабонони собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз толибон рабудаанд.
Илова бар ин маълум гардидааст, ки халабонҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи Ми-17, ҳафт чархболи UH-60, ҳафт ҳавопаймои таҳоҷумии А-29 "Тукано", 17 ҳавопаймои сабукрави "Cessna 209B" ва 11 ҳавопаймои "Pilatus-12NG"-ро бурдаанд.
Расонаҳо: ҳавопаймоҳои низомии рабудашуда аз "Толибон"* ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд
Бино ба маълумоти "Avia.pro", бархе аз воҳидҳои низомии рабудашуда дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.
Қаблан ин манбаъ хабар дода буд, ки толибон соҳиби 32 ҳавопаймои ҷангӣ ва 108 чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва ИМА шудаанд.
Толибон инчунин беш аз ду ҳазор мошини зиреҳпӯш, ҳашт дрони тактикӣ, тӯпҳои гуногун ва аслиҳаи хурдро аз худ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0