Толибон парвоз меомӯзанд: аввалин размоиши нерӯҳои ҳавоии Афғонистон алайҳи кӣ хоҳад буд?

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Американские военные в Афганистане
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Размоиши ҳавоии толибон дар вилояти марзии Балх авлавияти миллӣ нест. Ин барои кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ як аломати номатлуб аст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Толибон сарфи назар аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ ва башардӯстонаи Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангии худро барқарор мекунанд. 29 ноябр дар вилояти Балх (ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) нахустин машқҳои нерӯҳои ҳавоии “иморат” баргузор шуданд. Аз чархболҳои чандманзураи Ми-17 ва МД-530Ф дар ин размоиш истифода шуд.
Ҷойи машқҳои нерӯҳои ҳавоӣ дар шимоли кишвар тасодуфӣ ба назар намерасад, аҳолии маҳаллӣ (асосан тоҷикон) бо ҳукумати нав муросо накарданд ва ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон аз толибон ба таври қатъӣ ва оштинопазир ҳукумати фарогир ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистонро талаб мекунад.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи нерӯҳои ҳавоӣ Амонуддин Мансур аз халабонҳои афғон, ки аз кишвар фирор кардаанд, даъват кард, ки баргарданд ва корро дар ин кишвар идома диҳанд. Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи толибон дар вилояти Балх таъкид кард, ки ҳукумати нав омодааст, аз нерӯҳои ҳавоӣ барои мубориза бо муқовимат "дар ҳама манотиқи Афғонистон" истифода кунад.
Ученица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Расонаҳо: Нисфи марказҳои омӯзишии хусусӣ дар даври толибон баста шуданд
Мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири муваққати дифоъ қаблан гуфта буд, ки нерӯҳои ҳавоии нав ташкил мешаванд, ки ба ҳеҷ гуна кумаки хориҷӣ ниёз надоранд. Ба назар мерасад, изҳороти охирин баҳсбарангезтарин аст, зеро Афғонистон ҳавопаймо тавлид намекунад.
Маълум нест, ки дар ин кишвар чанд ҳавопаймои корношоям ва харобшуда боқӣ мондааст. Тибқи рейтинги “Global Firepower”, дар аввали соли 2021 нерӯҳои ҳавоии Афғонистон 193 чархбол ва 77 ҳавопаймо доштанд.
Пас аз суқути ҳукумати Кобул расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки 22 ҳавопаймои турбовинтии сабуки EMB-314 “Super Tucano”, чор ҳавопаймои нақлиётии C-130H “Hercules”, 24 “Cessna” ва 18 ҳавопаймои сабуки PC-12, 30 “Black Hawk”-и чандманзура, шаш болгарди Ми-35 ва 76 ҳавопаймои Ми-17, инчунин 41 чархболи ҷангии сабуки MD-530F-ро толибон ғанимат гирифтанд. Қаблан дар бораи 48 ҳавопаймои дастгиршуда хабар дода шуда буд.

Қудрати низомӣ

Дар моҳи июли соли 2021 артиши Ҳукумати Афғонистон 56 чархболи Ми-17В-5 дошт, ки аз ин танҳо 32-тоаш омодаи ҷанг буд.
Пас аз суқути ҳукумати амрикоихоҳ дар Кобул беш аз 140 халабони афғон бо ҳавопаймоҳои PC-12, чархболҳои “Black Hawk” ва Ми-17 бо хонаводаҳои худ ба Узбакистон ва Тоҷикистон (дар маҷмуъ 585 нафар ва ҳудуди панҷоҳ мошин) фирор карданд. Баъдан, Иёлоти Муттаҳида ба онҳо кумак кард, ки ба таври доимӣ ба дигар кишварҳо раванд.
Бозгашти ҳамкорони муваффақ ва таҷҳизоти рабудашуда ба Афғонистон аз эҳтимол дур нест. Ҳамин гуна "муҳоҷират"-и густарда дар Ироқ дар соли 1991 мушоҳида шуда буд, ки беш аз 130 ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Ироқ аз "Тӯфони биёбонӣ"-и Амрико дар пойгоҳҳои ҳавоии Эрони ҳамсоя мустақар шуданд.
Делегация талибов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд
Дар натиҷа Теҳрон Су-25К, Су-24МК, МиГ-29, Ил-76-ро бо системаҳои огоҳкунандаи пешакӣ, “DassaultMirage F1” қабул кард. Дар бораи "бозгашт"-и ягон ҳавопаймо ва чархбол аз Узбакистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон иттилоъе нест, ҳарчанд толибон инро талаб кардаанд.
Нерӯҳои ҳавоии ҳукумати нави Афғонистон то куҷо метавонанд ба ҷанг омода ва барои ҳамватанони саркаш ё кишварҳои ҳамсоя хатарнок бошанд? Муҳлати истифода аз хадамоти мошинҳо якчанд моҳ давом мекунад. Бахусус чархболҳои Ми-17-и сохти Русия, ки қаблан аз Иёлоти Муттаҳида оварда шуда буданд, бебаҳоянд. Дар мамлакат ба кадри кифоя сузишворӣ ва лавозимоти ҳарбӣ мавҷуд аст.
Дар бозори байналхалқӣ барои ин намуди хидматрасонӣ халабонҳои ҳарбӣ ва техникӣ киро карда мешаванд. Ҳатто агар толибон дар ихтиёри худ ҳамагӣ 20 ҳавопаймои омодаи ҷангӣ дошта бошанд ҳам, ин барои дастгирии амалиёти ҷангӣ аз ҳаво дар ҳама гуна нуқтаи ҷуғрофии кишвар ё дар соҳили рости Панҷ кофӣ аст.
Қувваи зарбаи як ҷуфт чархболи Ми-35-ро тасаввур кардан осон аст. Эҳтимол дар кишвар мушкилоти ғизоӣ вуҷуд дорад, аммо маблағгузории ҷанг авлавияти аввалиндараҷа маҳсуб мешавад.
Дар назар дошта бошед, ки дар Афғонистон манбаи муътадили арзи хориҷӣ майдонҳои кукноранд. Дар миёнамуҳлат, дар солҳои 2022-2023 нерӯҳои ҳавоии толибон ба рақибони эҳтимолӣ (аз ҷумла гурӯҳҳои рақиб) таҳдид хоҳанд кард. Аммо агар таҷрибаи амалиёти ҳавопаймоҳои толибон аз "зуҳури аввал"-ро ​​ба ёд орем, пешгӯии устувории ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ манфӣ аст.
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Ҳаштод доишӣ бо насиҳати пирон таслими толибон шуд
Пас аз суқути ҳукумати Муҳаммад Наҷибуллоҳ дар соли 1992 муҷоҳидинҳо мошинҳои зиёди нерӯҳои ҳавоиро гирифтанд. Баъди шикасти муҷоҳидин ва тасарруфи Кобул толибон дар соли 1996 чанд ҷангандаи МиГ-21МФ ва Су-22, навъҳои гуногуни ҳавопаймоҳои нақлиётӣ ва омӯзишии Л-39 ва чархболҳои Ми-8-ро ба ғанимат гирифтанд. Дере нагузашта тамоми таҷҳизот аз сабаби набудани таъмири ҳирфаӣ корношоям шуданд.
Аён аст, ки қувваҳои нави ҳарбии ҳавоии толибон дар "даври дувум" дер парвоз нахоҳанд кард. Иёлоти Муттаҳида бозори қисмҳои эҳтиётии чархболҳои истеҳсоли Амрикоро назорат мекунад ва бо ҳар роҳ интиқоли онҳо ба Афғонистонро пешгирӣ мекунад. Сарнавишти Ми-17-и сохти Русия низ ҳамон қадар мушкил аст. Афзалияти Русия амнияти кишварҳои ҳампаймони Осиёи Марказӣ аст.

Муҳити амалиётӣ

Рӯзи 30-юми ноябр дар Кобул, дар наздикии як мактаб дар минтақаи Дор-ул-Амон таркиши муҳибе ба вуқуъ пайваст. Ду толиб захмӣ шуд. Дар вилояти шарқии Нангарҳор задухӯрди байни толибон ва "Давлати исломй* давом дорад.
Аз сӯйи дигар толибон пас аз тасарруфи қудрат дар тӯли се моҳ садҳо нафар аз низомиёни артиши собиқи давлатиро бидуни додгоҳ ва тафтишот эъдом карданд. Дар минбарҳои музокира дар хориҷа харакати ҳарбию диниро чӣ гунае даъват кунанд ҳам, террор дар Афгонистон идома дорад ва боиси муқобилияти мардум мегардад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо нерӯҳои вижаро ҷо ба ҷо мекунанд
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин хостори кушодани пулҳои Афғонистон дар бонкҳои аврупоӣ барои кумак ба мардуми осоишта ва ҳалли мушкилоти башардӯстона шуд. Дар ҳамин ҳол Федератсияи Русия ва муттаҳидонаш дар Осиёи Марказӣ ба ҳар гуна густариши ҳодисаҳои ҷануби Панҷ омодагӣ мебинанд.
Масалан, низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон омодагиҳоро ба давраи тамрини зимистона, ки аз 1 декабр оғоз мешавад, анҷом додаанд. Нақшаҳои шаш моҳи оянда тақрибан 40 машқро дар бар мегирад.
Илова бар ин дар тамрингоҳҳои Лоҳуру Самбулии Тоҷикистон мутахассисони риштаҳои радиатсионӣ, ҳифзи кимиёӣ ва биологӣ, алоқа, ҷанги электронӣ, дифои ҳавоӣ, артиллерия, истихборотӣ ва муҳандисӣ дарс мегузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала