Ҷамъбасти чемпионат: Ду дастае, ки Лигаи олиро тарк мекунанд, маълум шуданд

© ФФТCoca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги
Coca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар анҷоми 30-юмин мусобиқаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ ду дастаеро ном бурд, ки тарки лигаи олӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар риштаи футбол барандаи медалҳои биринҷӣ маълум гардид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки тими КМВА-и Душанбе дар даври 27-ум бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд.
Дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ аз тими "Истиқлол" -и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Таъкид шуд, ки тими "Кӯктош" дуюмин даста баъди "Душанбе" мебошад, ки лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Зӯрозмоии ду паҳлавони тоҷик дар финали мусобиқаи байналмилалӣ: Ризоев пирӯз шуд
Манбаъ афзуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими "Хуҷанд" ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар мусобиқа барои Ҷоми AFC-2022 иштирок мекунанд.
Дар пайи бозиҳои даври ҷамъбастии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими "Истаравшан" дар зинаи чорум, "Хатлон" – 5, "Эсхата" – 6, "Равшан" – 7, "Файзканд" – 8, "Кӯктош" – 9 ва тими "Душанбе" дар зинаи 10-ум қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0