Дар фурудгоҳҳои Маскав беш аз 50 парвоз лағв шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержки авиарейсов в аэропорту "Шереметьево", архивное фото
Задержки авиарейсов в аэропорту Шереметьево, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Бар асари боришоти шадиди барф дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав беш аз 50 парвоз лағв шуд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Шоми сешанбе, пас азари бориши барф дар се фурудгоҳи Маскав - "Внуково", "Домодедово" ва "Шереметево" беш аз 50 парвоз ба таъхир афтод ё лағв шуд, хабар медиҳад хадамоти "Яндекс.Респисание".
Ба иттилои манбаъ, рӯзи сешанбе, соати 16:45 ба вақти Маскав 15 парвоз дар "Внуково" ба таъхир афтод.
Девушка на улице Горбунова в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Меҳ кори фурудгоҳҳои Маскавро халалдор кард: беш аз сад парвоз лағв шуд
Ҳамчунин дар фурудгоҳи "Домодедово" 17 парвоз ба таъхир афтоду се парвози дигар комилан лағв гашт. Дар "Шереметово" низ 13 парвоз ба таъхир ва се парвози дигар пурра аз ҷадвал бардошта шуд.
Қаблан Евгений Тишковетс, корманди пешбари маркази обуҳавоии "Фобос" ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки шадидтарин бориши барф дар таърихи баъдиҷангӣ дар Маскав рӯзи сешанбе сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта бинобар фаромадани меҳ ҳудуди 100 парвоз аз фурудгоҳҳои Маскав лағв шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала