Тоҷикистон нияти гирифтани 3,2 миллиард қарзу 4,6 миллиард сомонӣ грантро дорад

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Тоҷикистон ният дорад, дар соли оянда аз ҳисоби қарзу грант ба буҷаи давлатӣ наздики ҳашт миллиард сомониро ҷалб намояд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби қарзу грант беш аз 7 миллиарду 938 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бар асоси қонуни буҷа, ки ахиран тасвиб шуд, интизор меравад, ба буҷаи давлатӣ беш аз 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ ҷалб гардад.
Нақшаи ҷалби грантҳо дар соли 2022 зиёда аз 4 миллиарду 696 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Тоҷикистон қариб 2,2 миллиард сомониро барои пардохти қарзи берунӣ ҷудо кард
Дар маҷмуъ интизор меравад, ки соли оянда даромади буҷаи давлатӣ беш аз 33 миллиард сомониро ташкил диҳад, ки аз ин воридот аз андоз 20 миллиарду 463 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ муодили 1 миллиарду 463 миллион сомонӣ мебошад.
Грантҳое, ки барои дастгирии буҷа аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ пешбинӣ шудаанд, 665 миллион сомонӣ гуфта мешаванд. Даромад аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷавӣ ҳудуди 2 миллиарду 472 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Қонуни буҷа барои соли 2022 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардида, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон онро 30 ноябр имзо кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала