"Хатти қирмиз", таҳдид ба амният ва Украина: музокироти Путину Байден

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПереговоры президента РФ В. Путина и президента США Дж. Байдена
Переговоры президента РФ В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар музокироти онлайнӣ бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден аз "хатти қирмиз" ва хатарҳое гуфт, ки мояи ташвиши Маскаванд.
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА дар навбати худ аз ташвишҳои худ ва ташаннуҷи вазъ атрофи Украина гуфт, изҳор дошт ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.
Путин ба Байден "хатти қирмиз"-ро нишон додааст. Ӯ таъкид намудааст, НАТО иқдоми хатарноки азхудсозии қаламрави Украина ва таҳкими ҳузури низомӣ дар назди марз бо Русияро пеш гирифтааст.
Раисҷумҳури Русия, ба гуфтаи ёвараш, ҳамтои амрикоияшро таъкид намудааст, дар ҳоле Вашингтонро ҳаракати нерӯҳои русиягӣ дар қаламрави худ мушавваш сохтааст, ки Маскавро амнияташ дар миқёси ҷаҳонӣ нигарон кардааст.

Дар мавриди бозгардондани нерӯҳо аз марз бо Украина Ушаков изҳор дошт, ки "нерӯҳои Русия дар қаламрави худ қарор доранду ба касе таҳдид намекунанд, изҳор дошт президент".

Путин ҳамчунин ошкоро ба Байден нигаронияшро аз таҳкими нерӯҳои НАТО ва Украина баён доштааст.
Дар ин робита Ушаков иттилоъ дод, раисҷумҳури Русия ҳавасмандияшро барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён кардаст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад, то шароити рушди кишвар фароҳам бошанд.
Байден ваъда додааст, ки нигарониҳои Маскавро дар доираи иттифоқчиёни ИМА баррасӣ хоҳад кард. Роҳбарон барои оғози муколама дар ин самт бо ҳузури намояндагону ёваронашон созиш намуданд.

Украина аз мавзуъҳои меҳварӣ

Ба гуфтаи ёвари Путин, ба масъалаи Украина дар мулоқот вақту таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. Раисҷумҳури Русия бо мисолҳо нишон дод, ки чӣ гуна амалҳои Киев алайҳи тахриби созишҳои Минск ва "формати Норманд" равона шудаанду чӣ гуна мақомоти Украина таъхиркорӣ мекунанд. Ӯ инчунин аз иқдоми иғвогаронаи Киев алайҳи Донбасс изҳори нигаронӣ намудааст.
Ҷо Байден дар навбати худ ба ҳаракати "хатарзо"-и нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина таъкид карда, аз таҳримҳое гуфт, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш дар сурати ташаннуҷи вазъ алайҳи Русия татбиқ хоҳанд кард. Раисиҷумҳури ИМА изҳор доштааст, ки таҳримҳо дар бахши иқтисод, молия ва сиёсат роҳандозӣ хоҳанд шуд, иттилоъ дод Ушаков.
Женева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Сиёсатшинос Путин ва Байденро муқоиса кард: чӣ монандӣ доранд
Ёвари раисҷумҳури Русия дар мавриди он, ки оё Путин ба Байден ваъдаи нафиристодани нерӯ ба Украинаро додаст ё на, суолро тааҷубовар хонд.
"Дар ин бора ҳатто гап набуд. Чӣ гуна мешавад, нерӯҳоро ба Украина интиқол дод? Ин чӣ? Ғасб чӣ? Дар ин бора умуман сухане набуд", - таъкид кард ӯ.
Ба суоли мушаххаскунанда, ки оё ин ба он маъно нест, ки таҳриме ба Русия таҳдид намекунад, Ушаков изҳор дошт, ки ҳеч далеле барои ин амал мавҷуд нест.

Пешравие нест, ҳалли мушкилот солҳо металабад

Пешрафти такондиҳандае мулоқоти Путину Байден дар пай надошт, инро интизор шудан ҳанӯз мушкил аст, аммо роҳбарон азмашонро барои муколамаю ҳамкорӣ нишон доданд, изҳор дошт Ушаков.
Вай таъкид кард, ки миёни барои Русия ва ИМА вақти зиёд даркор мешавад, то мушкилот дар муносибот ҳал гарданд.

"Он қадар мушкилот ҷамъ шудаанд, ки барои ҳалли он на як моҳ ва ҳатто на як сол лозим аст. Мебинем", - изҳор дошт ёвари раисҷумҳури Русия.

Путин ва Байден медонанд, ки набояд муколамаро қатъ кунанд, чун масъулияти хосе барои таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ доранд, илова намуд ёвари президент. Роҳбарони ду кишвар инчунин дарк мекунанд, ки талош барои эътидоли муносибот ва рушди ҳамкорӣ зарур аст.

Мушкили намояндагиҳои дипломатӣ

Байден дар гуфтушунид бо Путин инчунин аз мушкилоти кори намояндагиҳои дипломатӣ гуфтааст, ки дар онҳо камбуди кормандон ҷой дорад.
"Гуфт, ки сафир дар Маскав шикоят кардааст, ки тамоман кор кардан ғайриимкон аст, кормандон намерасанд, дипломатҳо нестанд, василаҳои ҳифзи физикии сафорат ва худи ӯ нестанд", - хабар дод Ушаков.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Путин сабаби болоравии нархҳо дар ҷаҳонро гуфт
Владимир Путин изҳор доштааст, ки ихтисори дипломатҳо натиҷаи сиёсати мақомоти амрикоӣ аст, ки ҳанӯз панҷ соли қабл маҳдудсозӣ ва ихроҷи гурӯҳии дипломатҳои Русияро оғоз кардаанду моликияти дипломатиро гирифтанд. Дар натиҷа Русия маҷбур шудааст, чораҳои ҷавобӣ андешад. Ҷониби Русия пешниҳод кардаст, ки тамоми маҳдудиятҳои дипломатӣ миёни ду кишвар лағв шаванд, то барои эътидоли ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар замина фароҳам гардад.
Байден дар қадами аввал роҳ додани дипломатҳои Русияро ба моликияти мусодирашуда ва арзёбии вазъашонро истисно накардааст.

Музокироти Путин ва Байден

Гуфтушуниди роҳбарони ду давлат рӯзи шанбе тариқи маҷозӣ сурат гирифта, ҳудуди ду соат давом доштанд.
Тавре Қасри сафед аз натиҷаи мулоқот хабар додааст, Байден аз вазъ атрофи Украина изҳори нигаронӣ намуда, ба ҳалли дипломатӣ даъват кардааст. Ҳамчунин ҳушдор додааст, ки дар сурати ташаннуҷи низомӣ таҳрими дастаҷамъонаи Ғарб роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Русия борҳо иттиҳомоти Ғарбу Украинаро дар бораи "амалҳои зӯргӯёна" рад карда, таъкид намудааст, ки ба касе таҳдид намекунаду нияти ҳамла ба касе надорад. Тавзеҳ дода шудааст, ки иттиҳомот чун баҳона барои ҷой додани техникаи зиёди низомии НАТО дар наздикии марз бо Русия истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала