Декабри пурмуҳориба: размкору муштзанҳои тоҷик бо кӣ мубориза мебаранд?

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Моҳи декабр варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки худро дар мусобиқоти байналмилалӣ нишон диҳанд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Намояндагони бокс ва муҳорибаҳои омехтаи тоҷик моҳи декабр дар арсаи байналмилалӣ дар лигаҳои мухталиф чанд қувваозмоӣ баргузор хоҳанд кард.
Фаридун Одилов, размандаи тоҷик рӯзи 10-уми декабр барои ҳимояи унвони "EagleFC" бо варзишкори испанӣ Эннок Торрес вориди набард хоҳад шуд.
Умеҷон Мусоев 10 декабр дар "EagleFC" қувваозмоӣ мекунад.
Набарди Бахтиёр Абдуллоев, таэквондо ва кикбоксчии собиқ рӯзи 11-уми декабр дар лигаи SLAMFC баргузор мешавад.
Инчунин дар ин рӯз размкорон Доробшоҳ Наботов дар лигаи FIGHTINGNET ва муштзан Шавкат Раҳимов дар RCC баромад мекунанд.
Рӯзи 25-уми декабр дар доираи лигаи ACAYE рақобатҳои Довуд Идибеков, Меҳрдод Умаров, Хуршед Назаров ва Беҳрӯз Қурбонов барпо мешавад.
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ёқубов ба сабқати қаҳрамонии ҷаҳон ворид шуд - видео
Мавриди зикр аст, ки тахминан дар оғози сол муштзании варзишкори шинохтаи кишвар Муҳаммад Ёқубов дар назар аст. Вай дар даври ниманиҳоии интихобии WBC мубориза хоҳад бурд.
Ёқубов аввали соли оянда ба майдон бармегардад. Ӯ яке аз довталабони унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабуки WBC аст, аммо барои ин ба ӯ лозим меояд, ки дар ду ширкат намояд.
Аввалан, ӯ бояд исбот кунад, ки ба даври интихобӣ омода аст. Ин тасмим дар анҷумани солонаи Шӯрои ҷаҳонии бокс гирифта шудааст. Рақиби оянда дар даври ниманиҳоӣ ҳанӯз муайян нашудааст, ҷои мубориза низ маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала