Одати хуб: чӣ бояд кард, то саҳархез шуд

CC0 / Pixabay / Спящая девушка, архивное фото
Спящая девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Коршинос Веселова гуфт, барои саҳархез шудан сабр лозим аст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамагӣ даҳ дарсади мардум "бум" ҳастанд, дар ҳоле ки 90 дарсади боқимонда хронотипи "кабӯтар" доранд, яъне вобаста ба шароити атроф метавонанд ба ҳар реҷа мутобиқ шаванд.
Дар ин бора дотсенти Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, сармутахассиси мустақили тиббии Кумитаи тандурустии Санкт-Петербург Татяна Веселова дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм" изҳори назар кардааст.
Пеш аз ҳама, коршинос маслиҳат медиҳад, ки барои мутобиқ шудан ба реҷаи нав вақт лозим аст.

"Тавсияҳо бояд ҳар рӯз ҳадди аққал се ҳафта пайи ҳам риоя шаванд. Ин барои эҷоди пайвастагиҳои нави асаб ва ташаккули одати нав лозим аст", - гуфт ӯ.

Дар ин давра, шумо бояд реҷаи ҳаррӯзаро қатъиян риоя кунед, пас аз соати 15:00 қаҳва нанӯшед, на дертар аз ду-се соат пеш аз хоб хӯрок хӯред ва субҳгоҳон ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавед.
Сонная девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Чӣ гуна мешавад аз хоб сер шуд : ду маслиҳати асабшинос барои хоби роҳат
Бегоҳӣ низ бояд барои хоби хуб омода шуд: ҳавои ҳуҷраи хобро тоза кунед, рӯшноиро кам кунед, як соат пеш аз хоб смартфонро хомӯш намоед, гуфт ӯ.
Рӯзона беш аз 1 соат хоб накунед: олимони Чин мегӯянд, хоби рӯзона марговар аст
Ғайр аз ин барои аз нав сохтани реҷа баъзе корҳоро барои субҳ бояд мавқуф гузошт ва дарҳол баъди бедор шудан баъзе машғулиятҳоро ба нақша гирифт ва шодӣ кард, маслиҳат медиҳад Веселова.
Лентаи хабарҳо
0